Садриддини каҷрав дар пайравӣ …

 

Муҳаммадиқболи Садриддин, ки марбути доираҳои салафимадори кишварҳои нимҷазираи араб мебошад, чунон забонзада сухан кардааст, ки гумон мебаранд, ин банда дар гарави бозиҳои арабу аҷам.
Мақомот ба истилоҳи ин хунсои фирории бериё, «амалиёти нофарҷом» анҷом додаанд, таблиғоте беш нест.

Шоҳидони ҳол аз Хуҷанд хабар медиҳанд, ки гурӯҳҳои террористии ДОИШ ва «Ҳизби таҳрир» ба нияти ғаразашон расиданд. Худро қурбонии роҳи бадбахташон карданд. Ва табиист ҳар куниш ё амал муқобили амал ва ё вокуниш дорад. Маълум гашт, ки М.Садриддин, узви Шӯрои Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ буда, зимни ироаи гузориш аз вазъи зиндони Хуҷанд ба озодии террористон ишора кардааст. Дар мадди аввал, М.Садриддин, ки ҳамаро мисли худаш мепиндорад, фазои иттилоотиро ба таҳлука оварда, моҷарову ғулғулаҳо кардааст. Маҳбусон ба меъёрҳои «қаҳрамонсозӣ»-и Кумитаи зиддимиллӣ рост намеоянд. Бо назардошти гуноҳҳое, ки дар сари ин афрод омадааст, дер ё зуд ба сазои амалашон мерасанд. Вале Садриддини каҷрав дар пайравӣ бо дигар шахсон нафаронеро гирди худ овардааст, ки гӯё худ «қаҳрамон»-и ҳикояҳои ӯ бошад. Шояд касе зиндонӣ барои дуздӣ шуда бошад, вале дар назди расонаҳои оппозитсиониҳо, ки Садриддини М. лаққии онҳост, он чунон азизи дилҳо нишон дода шудааст, ки хориҷиҳо фикр мекунанд «муборизи роҳи озодианд».
М.Садриддин иғвогари халқ аст. Чун ӯ гунаҳгор аст, тасаввур мекунад, нисбат ба ӯ баринҳо адолатро риоя намекунанд.

Муборизони аслӣ Маҳатма Гандӣ, Ҷавоҳирлол Нерӯ ва дигарон буданд, ки бо чашми сар диданд, зиндон чист? Ин шахсиятҳо агар даъво мекарданд, дар бораи адолат, шояд рост мебаромад, вале на Садриддине ки мазҳаби авлодии худро падруд гуфта, даъвогарӣ мекунад.

Адолат дар Тоҷикистон ҳукмфармост, ба зиндониён бошад ва чӣ ба дигарон! Қонун ва ҷавобгарии фардӣ пешбинӣ кардааст, ки ҳар кас ба ҷурму ҷинояти худ шахсан ҷавоб диҳад. Касе дар ин дунё сари ҷиноякорони мусаллаҳро ба ибораи мардуми Ғарм сила накардааст.

Ба ин муносибат ҷавоб бояд дандоншикан бошад, то террористон ба кӯчаҳои шаҳр сарозер нашаванд ва тартиботи ҷамъиятиро вайрон накунанд.
Ал-қисса, умри ҳарфҳои ботил кӯтоҳ аст. Яъне бероҳагӣ тақдири ояндаи ин ҳизби қотилро мушаххас мекунад.

Аз ин лиҳоз гуфта мешавад, ки бояд мо аҳли солимфикри ҷомеа  тамоми қувваву имкониятҳоро баҳри илмомӯзии насли наврас ва ҷавонон равона карда, шомилшавии онҳоро аз чунин ҳизбу равияҳои номатлуб  пешгирӣ намоем.

 Аминҷонова С.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *