САДО БА АМАЛҲОИ ИВҒОАНГЕЗОНИ ДУШМАНОНИ МИЛЛАТ

Дар ҳама давру замон шахсиятҳое пайдо мегарданд, ки бо амали худ барои ҷаъмият намунаи ибрат буда, онҳоро ибратомез ном мебаранд ва асрҳои аср дар таърихи инсоният бо хатҳои зарин сабт мешаванд. Ҳамзамон шахсиятҳое арзи вуҷуд доранд, ки аз бесаводии худ бохабар набуда, гӯё бо пайдо намудани мавқеи роҳбарӣ масъалаҳои мардумро ҳаллу фасл менамоянд.

Илми муосир исбот намудааст, ки асоси бойигарии ҳар як давлат аз меҳнати мардум вобаста буда, ба меҳанти ақлӣ афзалиятҳои зиёд доранд, ки маҳсули он ин рушди дастовардҳои технологӣ дар ҳамаи самтҳои фаъолият мебошад, ки ҳамагон маҳсули онро истифода мебаранд.

Ба андешаи инсонҳои солим дида мешавад, ки шахсони руҳан носолим, ба афсонаҳои сохтаю бофта зудбовар буда, ҳаётро ҳамчун афсона тасаввур мекунанд.

Барномаи“Минбари муҳоҷир ”, ки санаи 4 августи соли 2021 тариқи шабакаи иҷтимоӣ бо Муҳаммадиқболи Садриддин доир гардид, ки онро комилан сохтаву шахсиятҳои сухан ронда, комилан аз фиребҳо бархурдор нестанд ба суолҳое, ки Шумо барои Ватан чӣ хизмат кардед ҷавоби худро наёфт, далели он аст, ки дасисабозиҳои худфиребона мебошад. Ва раҳми шахс ба чунин инсонҳо меояд, ки чӣ тавр дар рӯи замин худро ҳамчун инсон меҳисобанд. Ҳол он, ки аз навор шахси солим метобанд, аммо ақлан коста ва аз ҳаёт рӯҳафтода гаштаанд.

Бузургон мефармоянд,

Ҳар шаб зи худат бипурс, агар ту мардӣ,

К – имрӯз чӣ хидмате ба мардум кардӣ.

Имрӯз халқи тоҷик бо кору пайкори хеш бо баробари бадастории истиқлолият бо созандагиву бунёдкорӣ, бо ақлу заковати фарзандони нобиғааш дар арсаи илму адабу сиёсат, бо расидан ба даврони эҳёи давлатдорӣ ва чашидани заҳри шикаст, бо талошҳо баҳри худшиносӣ ва огоҳии миллат таърихи худро ғаниву рангин сохтааст.

Аз ин лиҳоз ба душманони миллат гуфтанием, ки аз як луқмаи додаи хоҷагони хориҷӣ даст кашанд ва ба Ватани худ баргашта ба ободию кори нек даст зананд, ки баъд аз рафтани вақт ба онҳо дер мешавад ва ба фарзандони худ ҳамчун хоини миллат мерос мегузоранд, ки аз амалҳои кардаи падарони худ бегуноҳанд. Ҳеҷ гоҳ бо суханҳои бофтаю сохта худ ва дигаронро фиреб карда намешавад.

БОБОЕВ Б.Ё.,
сармутахассиси шуъбаи кадрҳо ва
таъминоти ҳуқуқии ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *