МО АМНУ ОСОИШТАГИИ КИШВАР ҶОН БА КАФ МУБОРИЗА МЕБАРЕМ!

Мусаллам аст, ки имрӯзҳо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ муборизаҳои ғоявию сиёсӣ ва иҷтимоии байни давлатҳо, созмонҳо ва ҳизбу ҳаракатҳои гуногун дар авҷ аст. Дар робита ба ин, бояд бидонем, ки дар ҳар давлати соҳибистиқлолу мустақил, шахсон ё гурӯҳҳое пайдо мешаванд, ки пешрафти иқтисодиёти кишвар, рушд ва инкишофи соҳҳаҳои гуногуни ҳоҷагидорӣ ва аз ҳама муҳим сулҳу суботи ҷомеаро дида наметавонанд ва бо амалҳои ифротию хоинона кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҷомеаи мутамаддинро аз байн баранд. Мисоли ин гуфтаҳо аз ҳодисаи соли гузашта, ки дар маркази вилояти Бадахшон шаҳри Хоруғ аз ҷониби гуруҳҳои муташаккили ҷиноятпеша гирдиҳамоӣ ташкил намуда, вазъи сиёсии кишвари моро ноором гардонанд. Таҳлилҳо собит менамоянд, ки эҳтимолан миёни мушкилоти зуҳурнамуда дар Бадахшон, ба роҳ мондани эътирозҳои хушунатомез, ки боиси сар задани низои мусаллаҳона дар ин минтақа гардид ва эълони муборизаи мусаллаҳона аз ҷониби мухолифин пайванди муайяне ҷой дорад. Давоми моҳи майи соли равон дар Бадахшон вазъи сиёсӣ боз муташанниҷ гардид, ки амнияти кишвари моро шикананда ва мувоҷеҳ ба хатар намуд. Дар асоси маълумоти расонаҳои расмӣ санаи 16-уми майи соли ҷорӣ аз ҷониби саркардагони гурӯҳи муташаккили ҷиноятпеша шахси дар ҷустуҷӯй қарордошта Алим Шерзамонов ва ҳаммаслакони ӯ Холбаш Холбашев, Мамадшоева Улфатхоним роҳбарӣ ва сарпарастӣ намуда ба манфиати ашхоси ҷиноятпеша Мамадбоқир гирдиҳамоии ғайриқонунӣ ташкил намуданд. Ҳадафи асосиашон ноором сохтани вазъи ин минтақа буд,ки ниҳоят санаи 18 майи соли ҷорӣ бо супориши афроди ҷиноятпеша Мамадбоқир як гурӯҳ ҷавонони ноогоҳ бо роҳбарии Назришоев Замир ба хизматчиёни РВКД дар ВМКБ, ки дар бинои Суди вилоят вазифаҳои хизматии худро иҷро мекарданд, ҳамлаи мусаллаҳона намуда, норинҷаки дастиро тарконидаанд. Бадхоҳони миллат бо ин роҳ халалдор намудани амнияти ҷамъиятӣ, монеъ шудан ба фаъолияти мақомоти давлатӣ, тарсонидани аҳолӣ ва таъсиррасонӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ барои қабули қарор, шахсони гумроҳро ба он даъват намудаанд. Инчунин санаи 17 майи соли равон аъзоёни гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ бо мақсади халалдор сохтани вазъияти сиёсӣ-ҷамъиятӣ шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Кулмаро дар қисмати роҳи ноҳияи Рӯшон, бевосита дар назди хати сарҳади давлатӣ, ғайриқонунӣ бастанд. Баробари ин, як гурӯҳи дигар таҳти роҳбарии Ёдгор Ғуломҳайдаров, Палаев Қулмаҳмад ва Шералиев Паҳлавон дар мавзеи Вамардара, ки аз маркази ноҳияи Рӯшон дар баландии 350-400 метр ҷойгир аст, 6 мавқеи ҷангӣ ташкил намуданд. Ин гурӯҳ гӯё қасд дошт, бо истифодаи яроқу норинҷакҳои ҷангӣ ба қатораи автомашинаҳои хидматчиёни низомӣ ҳуҷуми мусаллаҳона анҷом диҳад.
Хулоса, амали навбатии гуруҳҳои муташаккили ҷиноятпеша боиси истифода гардидани амалҳои тахрибкорона ва нерӯи ҳарбӣ шуд, ки талафоти ҷонӣ дар пай дошт. Аз ин рӯ, ҳолати ба амал омада аз ҷиддияти мушкилот дарак медиҳад, ки метавонад ба амнияти кишвари мо хатари ҷиддӣ тавлид намояд. Хусусан дар шароити имрӯза, ки бинобар вазъи ҳамсоякишвари мо Афғонистон, мушкилоти сарҳадӣ бо Қирғизистон, эълони мухолифини дар хориҷ қарордошта барои муборизаи мусаллаҳонаи сиёсӣ, баҳсу ҷадалҳои мавҷуда дар атрофи ҳодисаҳои қаблӣ дар минтақаи Бадахшон вазъи амнияти кишвари мо то як андоза нигароникунанда гардида аст. Албатта зуҳури ин қазия таҳлили ҳамаҷонибаи сиёсӣ ва ҳуқуқиро талаб мекунад, ки чаро вазъи минтақа дар як давраи хеле ҳассос барои кишвари мо ба чунин ҳолат печид. Вобаста ба масъалаи матраҳгардид хулосабарорӣ намуда, пеш аз ҳама ин кирдорҳои ғаразонаи гурӯҳои манфиатхоҳу ҷиноятпешаро қатъиян маҳкум намуда, бояд хотиррасон кард, ки давлат ва ҷомеаи мо имрӯз ҳамаи қонунҳо ва мақомотҳои қудратиро доранд. Лозим ба таъкид аст, ки Тоҷикистон давлате нест, ки солњои 90-уми садаи гузашта буд. Имрӯз на танњо худро њимоят мекунад, балки барои амну осоиштагии кишвар ҷон ба каф мубориза њам бурда метавонад.
Дар фарҷоми андешаи хеш ба тамоми ҷавонони шарафманди миллати тоҷик муроҷиат намуда, гуфтанием, ки ҳушёр бошанд ва ҳеҷ гоҳ дар ягон ҳолат зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва барои оромиву осудагии Тоҷикистони азизамон камари ҳиммат бубанданд. чунки мардуми тоҷик аз қадим сулҳовар аст!

Р.АНВАРӢ, асистенти кафедраи молия ва қарз

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *