САҲА ПУШТИБОНИ АҲРИМАНИ ЗАМОНИ МУОСИР

Яке аз масъалаҳои ҷиддие, ки имрўз ҷомеаи ҷаҳонро нигарон кардааст, проблемаи глобалии терроризму экстремизм аст. Воқеан бо сўиистифода аз бетафовути кишварҳои пешрафта, ки то ин вақт хатари онро эҳсос накарда буданд ва имрўзҳо ин вабои аср аз сатҳи маҳалливу минтақавӣ то умумиҷаҳонӣ расида, барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо таҳдид эҷод менамояд. Бо баробари ин, мутаассифона баъзе ташкилотҳои сатҳи байналмилалӣ низ ба масоили пешгирӣ ва мубориза бар зиддӣ терроризм ва эктремизм бемасъулиятӣ зоҳир намуда, баръкас онҳоро пуштибонӣ карда истодаанд.Чунончӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар думболи пуштибонии ифротиёну террористон фаъолияташро ба роҳ мондааст. Дар ҳақиқат тамоми кишварҳои дунё аз фаъолияти имрўзаи САҲА бохабар шудаанд, ки дар муноқишаҳои кишварҳои мусалмонӣ, алалхусус Сурияву Ироқ ва дигар кишварҳои даргир дасти онҳо ҳасту сабабгори асосӣ ба ҳисоб меравад.
Тавре, ки бо васоити ахбори омма маълум мегардад, бо истифода ба ин ҳолат имрўз роҳбари ТТЭ ҲНИ – Паймони ватанфўрушон М. Кабирӣ дар хориҷи мамлакат бо хоҷагони хориҷӣ, аз ҷумла бо пуштибонии намояндаи САҲА сўҳбату вохўриҳо доир намуда, ба бадномкунии миллати худ машғул аст.
Қайд кардан ҷоиз аст, ки баъди баргузории конфронси қаблии САҲА тариқи васоити ахбори умум як зумра маводҳои асоснок бо шарҳу эзоҳ нашр гардидаанд. Аз ин далелҳо ёдовар шуда, қайд кардан бамаврид аст, ки аз 57 давлати аъзои САҲА 13 кишвар, инчунин ба сохторҳои дигари сиёсӣ ва ҳифзи ҳуқуқи байналмилалӣ Ҳизби наҳзати исломро ҳизби террористӣ ва экстремистӣ эътироф кардаанд. Илова бар ин дар баробари ДИИШ, «Ал-Қоида», ҳаракати «Толибон» ва ғайраҳо ТТЭ ҲНИ низ таҳти рақами №79 ба Феҳристи ягонаи созмонҳои террористӣ, ҷудоихоҳ ва экстремистӣ (http://ecrats.org/ru/news/6910) дохил карда, фаъолияташ дар қаламрави давлатҳои узви СҲШ манъ карда шудааст. Бояд боз ёдовар шуд, ки новобаста аз ин шарҳу далелҳо дар конфронси қаблии САҲА фаъолони ТТЭ ҲНИ сабти ном шуда, иштирок карданд. Ин ба он гувоҳӣ медиҳад, ки имрўз САҲА ба ташкилоти “Тиҷоратӣ” табдил ёфтааст. Чунки алҳол ТТЭ ҲНИ қодир аст, бо маблаѓҳои хоҷагони хориҷӣ хароҷотҳоро руйпуш карда, талоботҳои имрўзаи САҲА-ро қонеъ гардонад.
Тазаккур кардан бамаврид аст, ки пештар дар чорабиниҳои САҲА иштирокчиён аз як зумра расмиёти қатъӣ пешакӣ гузашта, номнавис мешуданд, сипас номзадҳо ҷиддан интихоб, муҳокима ва арзёбӣ мешуданд. Ҳоло вазъ дар САҲА ба таври ҷиддӣ тағйир ёфтааст. Яъне САҲА бар асоси принсипи «Шаҳри бедарвоза» фаъолияташро ба роҳ мондааст, ки ҳар хоҳишманд новобаста аз обрӯю эътибор, вазъи иҷтимоӣ, қонуншиканӣ ва даст доштанаш дар терроризм ё ҷинояткор имконияти иштирок ва ҳатто аз ин минбари байналмилалӣ суханронӣ карданро дорад.
Инчунин мисолҳои зиёди фаъолияти тахрибкоронаи САҲА дар давлатҳои алоҳидаи пасошӯравӣ ва манотиқи даргир маълуманд. Бо сабабҳои асоснок, чанде пеш намояндагиҳои САҲА дар қаламрави Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Беларусия, Озарбойҷон ва дигар ҷумҳуриҳои ИДМ тамоман баста шуданд, зеро роҳбарияти онҳо зарурати фаъолияти САҲА-ро дар кишварҳои худ намебинанд ва намехоҳанд, ки намояндагони «мустақил»-ро дар худ навозиш диҳанд. Бо баробари ин фаъолияти ин ташкилоти байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ маҳдуд гардида, идораҳои он дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб, ноҳияҳои Рашт ва Шаҳритус баста шуданд. Ҳамзамон, то ба ҳол ба САҲА ҳуқуқ дода шудааст, ки якчанд лоиҳаро дар ҷумҳурӣ амалӣ намояд.
Бо назардошти масъалаи матраҳгардида намояндагони САҲА бояд дар хотир дошта бошанд, ки фазои иттилоот васеъ аст, имкони лағжишҳои сиёсиву фарҳангӣ ҳам бештар хоҳад буд. Аз ин рӯ, ин нукта муҳим аст, ки то тавонанд санъати бо ҷомеаи ҷаҳон зистан, вале бо худ буданро омӯзанд. Қабл аз ҳама зарур аст, ки аз истифодаи “меъёрҳои дугона”дар мавқеъгирӣ нисбат ба созмону гурўҳҳои террористӣ ва ифротгаро даст кашида шаванд. Террористро ба худиву бегона, ислоҳотхоҳу тундгаро ва неку бад ҷудо намудан мумкин нест. Воқеияти имрўза тақозо менамояд, ки зиддӣ терроризиму ифротгаройӣ тамоми давлатҳо дастҷамъона мубориза баранд. Хулоса дар он аст, ки ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ ва пойдории суботи сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ, мо ҳама муттаҳид бошем.

Котиби Шўрои олимони ДИС ДДТТ
Мамадҷонов Ф.С.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *