Дар ҳақиқат ифротгароӣ, тундгароӣ ва хурофотпарастӣ сарчашмаи ҷаҳолату торикӣ буда, ба миллат ва мардуми тоҷик танҳо бадбахтӣ меоранд ва барои рушду тараққиёти ҷомеаву давлат монеаи ҷиддӣ эҷод мекунанд, изҳор намуда буданд Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муњтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Нооромиҳое, имрӯз дар гӯшаву канори олам руҳ медиҳанд, аксаран ба фаъолияти ҳизбу ҳаракат ва равияҳои ифратгаро, ташкилотҳои бадхӯй, миллӣ, динӣ ва байналмилалӣ вобаста буда, оромӣ, устуворӣ ва солимии ҷомеаро на танҳо дар қаламрави кишвари алоҳида, балки дар миқёси умумиҷаҳонӣ халалдор мекунад.
Имрӯзҳо давлатҳои абарқудрат бо мақсади аз нав тақсим кардани дунё мубориза мебаранд. Яке хоҳиш, иродаи давлатҳо ва ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳониро ба инобат нагирифта, ба ҳудудҳои мамлакатҳои араб бомба мепартояд, боигарии онҳоро аз худ мекунад. Дигаре, миллионҳо гектар замин дорад, деҳаҳои он аз беодамӣ ба вайрона табдил ёфта истодааст, ки ба ҷои ободии ҳудудҳои давлатҳои ҳамсоя таҷовуз мекунад. Имрӯз пайдоиш ва амалиёти харобиовари ҳаракату созмонҳои тундгаро ва террористӣ балоест, ки инсониятро ба таҳлуқа гирифтор кардааст. Бо таассуф бояд зикр намуд, ки баъзе кишварҳои абарқудрат ба хотири пиёда сохтани ҳадафҳои худ сарпарастии чунин равияву гурӯҳҳоро ба ӯҳда гирифта, онҳоро бо аслиҳа ва маблағҳои калон таъмин кардаанд, имрӯз низ чунин амалро давом медиҳанд. Масалан ташкилоти террористии “Ал – қоида” ва зодаи он “Давлати Исломии – Ироқ ва Шом” (ДИИШ) мебошад. Воќеан фаъолият, амал, кирдори имрӯзаи ДИИШ ба исломи аслӣ робитае надошта, баръакс бар зарар ва асолати ислом мебошад. Беҳуда нест, ки амали ин тоифаи бадхӯ натанҳо аз тарафи намояндагони дину мазҳабҳои ғайриисломӣ, балки аз тарафи аксари кишварҳои исломӣ маҳкум карда мешавад. Фаъолияти чунин ташкилотҳо натанҳо ба минтақаи муайян, балки ба тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳдид мекунад.Бинобар ин ҳар як фард бояд ин хатарро эҳсос карда, онро маҳкум намояд, пеши роҳи гаравидан ба онҳоро гирад.
Имрӯз аҳли ҷаҳониён аз фаъолияти ин ташкилоти террористӣ хеле дар ташвиш ҳастанд. Дар таркиби ин ташкилот ҷавонони роҳгумзадаи бисёр мамалакатҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ҳам, фаъол иштирок мекунанд, ки ин барои ҷамъияти мо нафақат ташвишовар аст, балки хавнок мебошад. Хатогиҳое, ки ҷамъиятро ба ҷанги бародаркушӣ овард, имрӯз шиорҳои диниро баҳона карда боз такрор кардан лозим нест. Он рӯзҳоро, ки дар солҳои аввали Истиқлолият мардуми Тоҷикистон аз сар гузарондааст, имрӯз набояд фаромӯш кард.
Бо назрдошти масоили матрањшуда, аз дирўза бештар имрўз бояд ҳамаи қишрҳои ҷомеа масъулиятшинос бошанд, бо сохторҳои қудратӣ ҳамкорӣ намоянд ва мардумро аз таъсири ин вабои аср эмин нигоҳ доранд. Вазифаи ҳар аъзои ҷамъият аз он иборат аст, ки барои рушди иқтисодии ва пешравиҳо боз ҳам кӯшишу ғайрат намоем.
Муаллими калони кафедраи баҳисобгирии
бухгалтерӣ, таҳлил ва аудити ДИС ДДТТ
Эсонова М.О