Мо дар давоми моҳҳои охири соли равон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ барномае бо номи “Минбари муҳоҷир” рӯ ба рӯ гаштем, ки ровии он яке аз пайравони паймони худсохтаи наҳзатиҳо, афроде бо номи Муҳамадиқболи Садриддин мебошад. Ҳар бинандаву шунаванда сараввал аз суханронии ровӣ гумон мекунад, ки барнома асосан ба масоили асосии муҳоҷирони меҳнатӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. Вале, барнома аз худнамоиши М.Садриддин, ки худро “уламои дин ва сиёсатшинос” шуморида, бо ҷалби шогирдону пайравонаш, алалхусус Сулаймону Абдухалил Восиев, Муҳаммад Тағоев ва як гуруҳ афрод бо лақаби Ҷонсону Мамук, Мубориз, Қурғанӣ ва ғайраҳо баромадҳои ифротӣ намуда, нисбат ба давлату миллати худ, шахсони баландпояи кишварро беасос тўҳмату ғайбат мекунад. Зимни муколама М.Садриддин ба ғайр аз истиснои шогирдону пайравонаш, нисбат ба нафарони муроҷиатдошта дағалона рафтор намуда, мазоқомезӣ қарор медиҳаду бо саволҳои бадкинаву буридани сухан андешаи нафаронро дар дигар самт тағйир дода, масхара мекунад. Аз ҷараёни барномаҳои ифротии М.Садриддин як нуктаи асосииро бояд қайд кард, ки умуман он ба ҳаёти муҳоҷирони меҳнатӣ ҳеҷ рабте надорад ва мебоист дар барнома масъалаҳои марбут ба муҳоҷираш ҳаллу фасл гарданд. Вале, ин мунофиқ, нисбат ба масоили сиёсати дохиливу берунӣи кишвар ,умуман аз пашша фил сохта, суханчинӣ мекунад. Аслан нафари ватангадову зархаридро чӣ кор аст ба ҳаёти ҷомеаи кишвари соҳибистиқлоламон ва нисбати роҳбарияту кормандони давлатӣ сухани носазо гӯяд!
Хуллас баромадҳои М.Садриддин аз бадниятиву сиёҳдилӣ, иғвоангезиву дасисабозиҳои ихтилофангез сарчашма мегирад. Инсони комил аз баромадҳои М.Садриддин бе ягон мушкилӣ дарк мекунад, ки ӯ дар ҳақиқат ба ғарази ирсӣ гирифтор аст, ки тез -тез руҳияту авзояш чун обу ҳаво тағйир ёфта, асабонӣ машавад. Дар ин лаҳзаҳо аён мегардад, ки М.Садриддин ба табобати равоншиносон ниёз дораду мебояд, фавран дар беморхонаи касалиҳои руҳӣ бистарӣ карда шавад. Бо ибораи дигар чун саги девонаи сироятзада бо газидани дигарон манбаи паҳни бемории сироятӣ мегардад, ки хатаровар бар ҷомеа мебошад.Хуллас, ҳар як гап ва ҳар як қадами М.Садриддин ва шогирдону пайравонаш бар зарари ҷамъият аст. Мо бояд ҳақиқатро аз дурӯғ ва қаллобу каззоби иблиссифатро аз инсони комил фарқ кунем. Дар урфият мегўянд, ки хушдомани бад ҳеч баҳона наёбад, чаро думи саги хона каҷ – гуфта бо арўси хонавода мағал мебардорад. Ҳол он ки каҷии думи саг табиӣ аст. Иддаои М.Садриддин ҳам мисли ҳамин аст. Чизе барои баҳс наёфта пеш аз пода чанг мекунанд. Бигузор М. Садриддини қаллобу каззоби ватангадо ҷазояшро бигирад ва ин амалаш ба дигарон дарси ибрат шавад. Офтобро бо доман пўшида намешавад, вақт довар аст ва нињоят ҳақиқат ғолиб меояд. Он дарахте, ки сулҳу Ваҳдат меномем, меваҳои ширин ба самар оварда истодааст. Мо тоҷикон бояд онро ҳифз намоем. Ҳақиқатан сулҳу Ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу дӯстӣ ҳукмфармост он давлат рӯз то рӯз мешукуфад.
Ф.ҚУРБОНОВ,
мудири бахши кор
бо ҷавонони ДИС ДДТТ