ИЗҲОРОТИ кормандони шуъбаи илм ва инноватсияи ДИС ДДТТ оид ба суханҳои ифротиву ихтилофангези бадхоҳони миллат дар сомонаи ифротии “Ислоҳ.нет”(08.05.2024)

Мо кормандони шуъба огаҳ ҳастем, ки вақтҳои охир, бадхоҳони миллат, алалхусус Муҳаммадиқболи Садриддин тавассути сомонаи “Ислоҳ.нет” дар барномаи ифротӣ бо номи “Минбари мухоҷир” бо ҷалби шогирдону пайравонаш баромад намуда истодааст, сарввал суханхои сафсатаашонро шадидан махкум намуда, пиромуни ин масоил ибрози андеша менамоем. Бояд қайд кард, ки ровиии барномаи зикршуда Муҳаммадиқболи Садриддин, ки бо лақаби “Иқболбӣ”маъмул аст, асосан бо ҷалби шогирдону думравонаш чун тутӣ такрор ба такрор нисбат ба фаъолияти ҳукумати қонунии Тоҷикистон бӯҳтон мезананд, хашм мегиранду худро “дилсӯзи”-и миллат меҳисобанд, аммо дар зимн андешаи дигар доранд. Бояд қайд кард, ки имрӯзҳо М.Садриддин ва як зумра сиёҳкорон тибқи ҳамон сенарияи қаблӣ амал намуда, камбудию норасоиҳои ҷузъие, ки дар зиндагии аҳли ҷомеа ҷой доранд, байрақи дасти онҳост. Хуллас, бо тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд.

Ин навбат М.Садриддин санаи 8 майи соли равон дар барномаи ифротии “Минбари муҳоҷир” бо ҷалби яке пайравонаш бо номи Муҳаммад Тағоев ва як қатор шогирдонаш бо лақабҳои хандаовар, аз ҷумла, Ҷонсон, Мубориз, “Миллати Иброҳим”, Сабурӣ ва Қурғанӣ оид ба сафари навбатии роҳбарияти олии кишвар ба Федератсияи Русия, сиёсатӣ пешгирифтаи ҳукумат, ки баҳри таъмини сулҳу субот ва тараққиёт равона шудааст, бо андешаҳои носолим подарҳавояшон баромад намуданд. Мо ба маълумоти ин гуруҳаки бадҳоҳони ифротиву ихтилофангез расонданием, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин бо боздиди корӣ ба шаҳри Москва сафар намуданд. Бояд қайд кард, ки дар ҳошияи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 79-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар шаҳри Москва мулоқоти хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин доир гардид. Зимни мулоқот оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод ва тиҷорат, танзими муҳоҷирати корӣ ва муқовимати муштарак ба хатару таҳдидҳо дар соҳаи амният, бахусус терроризм, ифротгароӣ, тундгароии динӣ ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд. Сарони кишвар вобаста ба муқовимат ба хатару таҳдидҳои муосир доир ба беҳсозии ҳамоҳангӣ дар фаъолияти муштараки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсуси ҳар ду кишвар ба мувофиқа расиданд. Баробари ин, зарурати аз ҷониби идораҳои дахлдор андешидани тадбирҳои муштараки муассир ҷиҳати рафъи мушкилот дар соҳаи муҳоҷирати корӣ, бахусус таъкид гардид. Мувофиқа ҳосил шуд, ки ба ин хотир ҳайатҳои баландпояи ҳар ду ҷониб дар муҳлатҳои наздик гуфтушунид доир намоянд. Инчунин оид ба яке аз масъалаҳои муҳими дигар ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика буд, ки дар рафти ҷараёни суҳбат барои ҳалли мушкилоти ҷойдошта дар ин соҳа ба қарор омаданд, ки ба сохторҳои лозимаи ҳар ду ҷониб супоришҳои зарурӣ дода шавад. Аммо, ин гуруҳаки ифротиву ихтилофангез ақлу фаросат надоранд ва сиёсати хориҷии кишварро сарфаҳм нарафта, ҳар сухани дурӯғеро, ки ба даҳони бефарозаш рост меояд, бар муқобили миллату Ватан, ба давлати тоҷикон хиёнатро раво медоранд. Хулоса, масъулияти шаҳрванди мо ин аст, ки то ҷон дар бадан дорем, барои решакан кардани ифротгароӣ, умуман нисбати бадхоҳони ифротиву ихтилофангез муборизаи беамон мебарем!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *