Дар ҷаҳони муосир равандҳо ва зуҳуроте мавҷуданд, ки на танҳо ба як кишвар ва ё як минтақа, балки ба тамоми кишварҳои ҷаҳон ва дар маҷмуъ ба кулли мардумони сайёра таҳдид мекунанд. Яке аз чунин зуҳуроти номатлуб, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор оварда, дар ҳама минтақаҳои олам тамоюли паҳншавиро дорад, терроризм ва экстремизм мебошад, ки боиси таваҷҷуҳи ҳаматарафаи ташкилотҳои байналмилалӣ ва давлатҳои ҷаҳон гардидааст. Зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад. Иллатҳои сар задани чунин падидаҳои номатлуб, хатари тафриқаандозӣ ва ҷудоӣ дар байни чавонон дар солҳои охир, ин дар ҷомеаи имрӯза пайдо шудани иғвоангезӣ, ҳизбгароиву гурӯҳбандӣ дар фазои кишвар мебошад. Сабаби пайдоиш ва паҳн гардидани ин гуна падидаҳои номатлуб аз он шаҳодат медиҳад, ки сатҳи пасти шароити зиндагӣ, бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас, хусусан ҷавонон боиси шомил шудани онҳо ба гуруҳи ифротгаро мегардад. Маблағгузорӣ шудани ташкилотҳои террористию ифротӣ аз тарафи созмонҳои байналмиллалӣ ва давлатҳову фондҳо барои касе пӯшида нест. Яке аз роҳҳои асосии ҷалб намудани ҷавонон ба ин ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ асосан, муҳоҷирати меҳнатӣ ва инчунин ташвиқот аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ мебошанд. Масалан созмону ҳаракат ва гурӯҳҳо, аз қабили “Ал-Қоида”, Давлати исломии Ироку Шом (ДИИШ ) ва амсоли инҳо, аз ҷониби як қатор давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ҳамчун ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ дониста шудаанд, ки ҳадафу мароми аслии онҳо бо густурда намудани фаъолияти худ зимни анҷом додани амалу кирдори ҷинояткорона нуфузу эътибори сиёсӣ пайдо кардан мебошад. Дар робита ба ин, бояд ќайд кард, ки нисбатан ба эътидол омадани афзои Сурия ва Ироќ имрӯз ДИИШ на танҳо дар Афѓонистон, инчунин дар кишварњои Аврупо паногоњ ёфта, фаъолияти ошкоро ва пинҳониро ба роњ мондааст, ки дар расонаҳои хабарӣ бештар дар шакли ДОИШ, ДИИШ ва ё бо номи“Давлати исломӣ” зикр мегардад. Имруз шаҳрвандони кишварҳои ҷаҳон ба доми фиреби ин созмони террористӣ афтоданашон ба назар мерасад. Дар ҳайати дастаҳои ҷанговари ДИИШ бештар аз ҳисоби зодагону шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Миёна аслан он нафароне қарор доранд, ки барои пул ва ё бо роҳи фиреб ҷалб шудаанд. Мутаассифона, солҳои охир, бархе шаҳрвандони кишварамон низ ба доми ҷангҷуёни ДИИШ афтода, оқибат гумроҳ гаштаанд. Барои тасдиќи ин гуфтањо мисол меорем, ки як нафар шаҳрванди Тоҷикистон ва дигаре шаҳрванди Осиёи Марказӣ бо аъзоёни ДИИШ ҳамкорӣ намуда, дар шаби фарорасии соли 2023 дар ҳудуди шаҳри Истанбул барои содир намудани амалҳои террористӣ омодагӣ дида буданд, ки оқибат аз тарафи мақомоти дахлдори Туркия дастгир карда шуданд. Мисоли дигар, санаи 28 январи соли равон ҳангоми намози пешин дар калисои итолиёвии католикии Марияи Муқаддас, маҳаллаи Сариери шаҳри Истанбул ду нафари ниқобпӯш ворид шуда, аз болои намозгузорон тир кушоданд. Аз миёни ибодаткунандагони колисои мазкур беш аз 50 нафар буданд, чанд тан тир хӯрда, як нафар ба ҳалокат расид. Тибқи маълумоти вазири корҳои дохилии Туркия ду гумонбаршавандаи асосӣ дастгир карда шуданд, ки яке зодаи кишварамон дигаре шаҳрванди Федератсияи Русия мебошад. Бояд қайд кард, ки созмони террористии “Давлати исломӣ” масъулияти ҳамла ба калисои мазкурро ба дӯш гирифтааст. Ҳамчунин, тибқи хабаргузории “ANSA” пулиси Итолиё дар шаҳри Рум моҳи апрели соли 2024 як шаҳрванди 32-солаи Тоҷикистонро ба гумони терроризм ва узвият дар гуруҳи террористии ДИИШ боздошт кардааст. Боздоштшуда аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон ба ҷурми ширкат дар амалиёти низомӣ дар Сурия, дар соли 2014 таҳти пайгарди байналмилалӣ қарор доштааст.
Аз мисолҳои зикршуда хулосабарорӣ намуда, бояд қайд кард, ки баҳри пешгрӣ ва роҳ надодани ин гуна ҳодисаҳои номатлуб, бояд ҳар фарди кишвар, умуман омӯзгорон, мураббиён ва дигар зиёиёну фаъолони ҷомеаро зарур аст, ки бо дарки масъулияти баланди ватандорӣ Истиқлоли давлати хешро аз ҳама хатару фишорҳо эмин нигоҳ доранд ва бо шиору гуфтор, ситоишу парастиш, бо меҳнати софдилона ва бо дарки садоқат ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии мардумро бедор созанд.
Мо фарзандони содиқу бовафои Ватан ҳастем ва имкони таъмини ҳамаи арзишҳои миллӣ ва инсонсозу ҷомеасозе, ки гузаштагони мо дар фосилаи тӯлонии таърих эҷод кардаанд. Воқеан, анъана урфу одатҳои қавии таърихии халқ, тартибу меъёрҳои устувори рафтору одоби одамон буда, аз наслҳо ба наслҳо гузаштаанд, ғанӣ гаштаанд ва ба қонуни ахлоқии халқамон табдил ёфтаанд. Миллати мо дорои фарҳанги бой буда, дар таърих ҳамчун миллати соҳибтамаддун шинохта шудааст. Хулоса, ниёгони мо ба ин гуна корнамоиҳо қодир буданд. Бинобар ин, аз дасти мо ҳам бисёр корҳо ва чизҳои хуб баромада метавонад. Пас, барои иҷрои ин масъулият, барои ҳифзи ин хоку Ватан бояд шуруъ аз кормандони мақомоти масъул якҷоя, дастаҷамъона кулли шаҳрвандони кишвар, барои ободию амнияти миллат меҳнат кунем, дӯстию ваҳдатро таҳким бахшем.
М. МАМАДҶОНОВА,
устоди ДИС ДДТТ