РОҲИ БАДХОҲОНИ МИЛЛАТ ТИРАВУ ЗУЛМОТ АСТ!

Таҳлилҳо собит менамоянд, ки соли охир, аз ҷумла моҳи августи соли ҷорӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби ҳамаслакону думравони наҳзатиҳо, алалхусус Муҳаммадиқболи Садриддин ва шогирдону думравонаш дар барномаҳои ифротӣ, ки дар поён зикр хоҳем намуд, фаъолияти тарғиботӣ-ташвиқотии ифротиашонро ба роҳ мондаанд.Ин тудаи ватанфуруши оворагрд асосан дар шабакаҳои иҷтимоӣ барномаҳои ифротиашон ба роҳ монда, бештар вобаста ба ҳолатҳои барангехтани кинаю адоват ва масоили низоъи миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ, динӣ ва паст задани шаъну эътибори миллӣ баҳри сафарбаркунии ҷомеа ба ҳолати зиддиятнокии сиёсӣ ё динӣ ба равона шудааст. Бадхоҳони ватанфуруш бо ин васила кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд. Чунончи дар давоми моҳи августи соли равон,амиқтараш санаҳои 11, 14, 18, 21 ва 25 афроди бешараф Муҳаммадиқболи Садриддин дар “Минбари муҳоҷир“, санаи 15 август афроди ҳасадхур бо номи Беҳруз Тағойзода дар барномаи “Садои мардум” ва санаи 17 августи соли равон дигар ватанфуруши бадхох Ҳусейн Ашуров дар барномаи ифротӣ-“Ҳақ ва ботил ” баромад намуданд. Ин тудаи ватанфуруши бадхоҳ зимни баромади навбатиашон боз чун солҳои қаблӣ бо нафрати беасос ва ғаразпешаашон ба ҷомеа ва мамлакати мо дар бораи масъалањои давлатдорї, нисбати фаъолияти роњбарияти олии кишвар, нодида гирифтани дастовардњои Тољикистон сухан ронда, тухми кинаву адоват коштанд. Аз Муҳамадиқболи Садриддин ва умуман афроди дар боло зикршуда пурсида мешавад, ки барои ҷомеаи Тоҷикистон ғайр аз иғвою дасиса, тӯҳмату бӯҳтонҳои беасос, хиёнату фосиқӣ чӣ нафъе овардед, ки ба ҳаёти осоиштаю ороми босуботи мо сангпартоӣ мекунед?

Шумоён- тудаи ватанфуруши оворагард фармоиши навбатии наҳсатиҳою хоҷагонатонро бобати сиёҳ кардани мардуми заҳматкаши неъматофар иҷро мекунеду бадзотиатонро исбот! Ин тудаи ватанфуруши оворагарди беномус, ки алҳол дар ҳориҷи кишварҳои Аврупо қарор доранд ва хоҷогаони хориҷиашон фаромўш кардаанд, ки имруз мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол андешаи қавии солим доранд ва намегузоранд, ки касе зиндагии орому осудаи онро мисли солҳои 90-уми асри гузашта, бо фитнаангезиву дасисабозӣ халалдор намояд ва халқи ободгари моро аз маҷрои созандагиву бунёдкорӣ берун созад. Хуллас, дигар ҳеҷ як қувваи носолим ё пастию баландии ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ наметавонад, ки ин арзиши бузург ва дастоварди миллии тоҷиконро халалдор намояд Ба кулли ватанфурушони оворагарду ғайбатчии фирорӣ гуфтанием, ки роҳи шумоён роҳи тираву зулмот аст!
Дар фарҷоми андешаи хеш хулосабарорӣ намуда, қайд менамоем, ки имрӯз хатаранзегӣ дар фазои иттилоотӣ яке аз хафноктарин таҳдидҳо барои инсоният ва ҷомеаи умумибашарӣ боқӣ монда, бо истифода аз техналогияи муосир тарзу усули нави истифодабариро касб мекунанд. Бинобар ин, љавонони ватандӯсти мо бояд ҳушёру зирак бошанд ва нагузоранд, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯи дохиливу хориҷӣ дар шуури дигар наврасону ҷавонони мо мафкураи бегона, хурофотӣ ва ифротгароёнаро ҷой намоянд.
Ҳамдиёрони азиз, биёед яктану якҷон бошему давлату миллати хешро дар якҷоягӣ ҳифз намоем, бар зидди ин хоинони миллат муборизаи беамон барем ва нагузорем, ки ин бадхоҳони миллат Тоҷикистони биҳиштосоямонро ноором созанд.

РАҲМОНОВ Ф.,
ассистенти кафедраи
назарияи иқтисод, ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *