Оғози семинарҳои Коргоҳи Мози дар Хуҷанд!

Санаи 12.08.2024 Коргоҳи Мози машғулиятҳои семинарии худро оғоз намуд. Мувофики рӯзнома 3 сессия барпо гардид. Дар оғози ҳар як семинар ҳамоҳангсози Коргоҳи Мози аз Донишгоҳи омӯзгории Шенян Сяойи Ли ва ҳамоҳангсози Маркази байналмилалии тадқиқотии Мози дар Хуҷанд Саидқосим Мухторов иштирокчиёнро ба семинарҳои Коргоҳи Мози хайрамақдам гуфтанд.

Модули 1 аз ду қисм иборат буда, дар он шунавандагон метавонанд забони чиниро омӯзанд ва бо фарҳанги ғании Чин ошно шаванд. Дарси забони чинӣ аз ҷониби дотсенти Донишгоҳи омӯзгории Шенян Чжан Юэ гузаронида шуд. Машғулиятҳо хеле шавқовар гузашта, семинар асосан ба омӯзандагоне, ки то андозае дониши забони хитоӣ доштанд, хеле писанд омад.

Қисми дуюми модул, тавре ки дар боло зикр гардид, ба фарҳанги Чин, бахусус фарҳанги санъати анъанавии Чин бахшида шуда буд. Семинари мазкур аз тарафи профессори Коллеҷи фарҳанги Донишгоҳи омӯзгории Шенян Ван Сядун гузаронида шуд. Азбаски, профессор Сядун дар ҷодаи санъат ҳам дониши бойи назариявӣ ва ҳам тачрибаи амалӣ дорад, семинар хеле шавқовар гузаронида шуда, ҳатто баъзе порчахои санъати суннатии чинӣ аз ҷониби профессор иҷро карда шуданд, ки аз тарафи тамошобинон хуш пазируфта шуд. Иштирокчиёни семинар изҳор доштанд, ки донистани фарҳангу анъанаҳои чинӣ ба пайванди ду миллати дӯсту ҳамсоя мусоидат хоҳад кард.
Модули 2 дар бораи кишоварзии рақамӣ ва роҳҳои татбиқи он буд. Профессори Коллеҷи барномасозӣ Чжан Ёнг барандаи асосии семинар буд. Мавзӯъ барои иштирокчиён ҷолиб буд, зеро аксари иштирокчиёни семинар шахсони дар соҳаи кишоварзӣ кору фаъолиятдошта буданд, ки тавонистанд ҳам ба соволҳои худ посухҳои мушаххас дарёфт кунанд ва ҳам аз таҷрибаи худ сухан намоянд.

Модули охирини рӯз, Модули 4 буд, ки ба тиҷорати электронӣ бахшида шуда буд. Муаллими калон Юе Вен аз Коллеҷи бизнеси байналмилалӣ роҳҳои бақайдгирии мағозаҳои электронӣ, пешбурди маҳсулот ва хидматҳоро дар платформаҳои тиҷорати электронӣ дар сатҳи байналмилалӣ шарҳ дод.

Чунин семинарҳо ба ҳадафҳои ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» мувофиқ буда, бешубҳа ба таҳкими ҳамкориҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Тоҷикистон мусоидат мекунанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *