ИЗҲОРОТИ кормандони шуъбаи илм ва инновастияи ДИС ДДТТ дар ш.Хуҷанд оид ба баромади набатии роҳгумзадогони бадхоҳи миллат тавассути шабакаи иҷтимоӣ (аз 25.08.2024с.)

Мо кормандони шуъбаи илм ва инноватсияи Донишкада иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд тавассути шакабаи иҷтимоӣ борҳо баромади як афроди бадхоҳи миллат, амиқтараш роҳгумзадаи бешараф – Муҳаммадиқболи Садриддин, ки ровии барномаи ифротӣ бо номи “Минбари муҳоҷир ”мебошад, баромадҳояшро таҳлил намуда, ба худ хулосаи зарруӣ бароварда оноро шадидан маҳкум намуда, андешаҳамонро иброз дошта будем. Ин навбат низ нисбат ба баромади навбатии М.Садриддин ва думравонаш, ки санаи 28 августи соли равон тавассути шабакаи иҷтимоӣ дар барномаи “Минбари муҳоҷир” баромад намуда буд, ибрози андеша менамоем. Бояд қайд намоем, ки М.Садриддин ва думраваш Муҳаммад Тағоев бо суханони бемантиқонаю беасосу пӯчи навбатиаш оид ба сафари кории Президенти Қазоқистон ва вобаста ба таҷлили иди тарбуз,харбуза ва каду, ки бо мақсади муаррифӣ намудани дастранҷи марди деҳқон, эҳё намудани анъанаҳои парвариши каду, харбуза, тарбуз дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе доир гардида буд, суханони бемаънию берабт баён дошт. Ҳар як бинанда аз баромадҳои қаблӣ ва навбатии Муҳаммадиқболи Садриддин ва думравонаш, алалхусу М.Тағоев бе ягон душворӣ дарк мекунад, ки ин тудаи роҳгумзада ба ҷуз наҳсию касофат, ғайбату туҳмат ва бадбахтию хушунат дигар коре аз дасташон намеояд. Хуллас, ин ҷо дигар ба шарҳу тафсири ин масъала ҳоҷат нест.

Мо кормандони шуъба дар фарҷоми изҳороти хеш қайд менамоем, ки М.Садриддину думравонаш ва хоҷагони хориҷиашон фаромӯш кардаанд, ки халқи Тоҷикистон дигар ба макру фиреби тудаи бадхоҳону ватанфурӯши овгорагардӣ ғайбатчӣ намефтанд. Хулоса, мо ба суханҳои бардурӯғи зархаридони хориҷӣ ва ватанфурӯшони беномуси оворагард бовар намекунем ва баҳри решакан намудани ғояҳои ифротгароии ин қабил тӯдаи бадхоҳони оворагарди ватанфурӯш муборизаи беамон мебарем. Бо боварии комил метавон қайд кард, ки имрўз ҳар фарди кишвар, алалхусус омӯзгорон ва падару модарон ва шаҳрвандони берунмарзии дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарордошта дар ҳамбастагӣ баҳри баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва дар руҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ тарбия намудани ҷавонон фаъолияти хешро равона менамоянд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *