РОҲГУМЗАДАИ ИФРОТӢ

        Мушоҳидаву таҳлилҳо собит  медиҳанд, ки солҳои охир, хусусан пайравони паймони худсохтаи наҳзат-“Паймони милли..”, ки дар асл ҳамон ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ мебошад, имрӯзҳо  тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ аст, дар барномаҳои ифротиашон тухми адовату ҷудоӣ миёни мардуми мо мекоранд. Чунончи, яке аз думравони фаъоли наҳзат Муҳаммадиқболи Садриддин, мебошад, ки дар давоми соли ҷорӣ

тавассути канали YouTube – “Ислоҳ.нет.” – Ислоҳ.тv, дар барномаи ифротӣ бо номи “Минбари муҳоҷир” бо ҷалби шогирдону думравонаш баромад намуда,  оид ба дастовардҳои даврони истиқлолият туҳматнома мебофад ва симои як тоҷик ва тоҷикистониро миёни ақвоми дигар мерезонад. Аз баромадҳои тӯдаи роҳгумзада маълум мешавад, ки ин гуруҳаки ифротӣ тайёранд ба хоҷагони хориҷиашон миллату давлати худро ба ночизтарин маблағ фурўшанд.

          Таърих гувоҳ аст, ки миллати мо ҳолатҳои хеле вазнин ва сангинеро аз сар гузаронида буд, ки маҳз бо чуни афроди демагоги ифротӣ ба он дучор гардида буд. Хуллас, мардуми диёрамон як маротиба рўзҳои сахт, азобу шиканҷаҳо, сарсонию саргардонӣ ва ғаму андўҳҳои зиёдеро аз сар гузарониданд. Имрўз то чӣ андоза муҳим будани сулҳу салоҳ ва хотирҷамъиро дарк карданд, муйро аз хамир ва бадию хубиро ба зудӣ аз ҳам ҷудо карда метавонанд.  Илова бар ин моро  лозим аст, ки зишту нопоки ин гуна афроди роҳгумзадаи ифротӣ ҳарчӣ амиқтару дақиқтар ба аҳли ҷомеа, ба хусус ба ҷавонон муаррифӣ намуда, бо ин роҳ аҳли ҷомеаро аз  макру дасисаҳои наҳзату навнаҳзатӣ  огоҳ созем. Аз масъалаи матраҳгардида  ҳар як шаҳрванди боору номуси кишвар бояд ба худ хулосаи зарурӣ барорад, яъне ба  адри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осуда расида, ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳад. Ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ ва пойдории суботи сиёсиии ҷомеа мо ҳама бояд муттаҳид бошем ва ба фаъолияти сохтору мақомотҳои давлатӣ ҳамаҷониба мусоидат намоем.

 

Р.АНВАРӢ,

ассистенти кафедраи

молия ва қарз

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *