Мо, кормандони шуъбаи кор бо ҷавонони Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд нисбат ба баромадҳои иғвоангезонаи Муҳаммадиқболи Садриддин, ки созмони ифротӣ бо номи “Ҳаракати ислоҳотхоҳон”-ро ба ӯҳда дорад, изҳори андеша намуда, онро маҳкум намуда будем. Ин навбат низ баромадҳои М.Садриддин, ки санаҳои 7 ва 14 ноябри соли ҷорӣ тавассути канали YouTube Ислоҳ.тv -“Ислоҳ.нет, дар барномаи “Минбари муҳоҷир” баромади иғвоангезона намуд, ибрози андеша намуда, онро сараввал маҳкум менамоем. М.Садриддин ва яке аз думрави фаъолаш Муҳаммад Тағоев

зимни баромадҳои наватӣ боз дастовардҳои беназири кишвари соҳибистиқлоламонро нодида гирифта, доир ба мавзуъҳои мухталиф, аз ҷумла нисбат ба сафари навбатии роҳбарияти олии кишвар ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико беасос норозигӣ ва иғвогарию тӯҳматро пешаи худ кард. Ин созмонаки ифротӣ дар ҷараёни баромадашон чун обу ҳаво суханрониашонро тағйир дода, оид ба масъалаи бонку маҳдудияти барқ, таҷлили ҷашни “Рӯзи Конститутсия”, ҳодисаи сӯхтори бозори “Панҷакент”-и ш.Панҷакент ва нисбат ба фаъолияти роҳбарияти олии кишварҳои Русияву Қазоқистон андешаи носолими худро баён доштанд. Ҳар бинандаву шунаванда бе душворӣ пай мебарад, ки ин иғвогари ифротӣ зимни ҷустуҷӯи сарчашмаи моҷаро як ҳодисаи тасодуфиро гирифта, дар барномаҳои ифротиаш «аз пашша фил месозад». Ин созмонаки носолими имрӯза бо талошҳои бесамари худ умедворанд, ки фазои ақидатиро дар ҷомеаи мо тира карда, мардумро ба чолиш кашанд.
Дар фароварди изҳороти навбатии хеш, мо ҷавонони зодаи даврони соҳибистиқлоли кишвар, хулосабарорӣ намуда қайд менамоем, ки авзои имрўзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ моро водор месозад, ки дастаҷамъона ба тарбияи маънавию ахлоқии насли наврас ҷиддитар машғул гардида, пеши роҳи ҳама гуна гаравиши ҷавононро ба гурӯҳҳои ифротгаро ва доми найрангу фиреби хоҷагони ин равияҳоро гирем. Ҷавонони даврони соҳибистиқлол бояд дар раванди таҷдиди ҷомеа тавассути таҳким бахшидани фикру андешаи нав, бахусус ҳифзи Истиқлоли давлатӣ ва дастовардҳои он, арзишҳои бунёдии миллатсозӣ ва ватансозиву ватандорӣ бо давлату Ҳукумат ҳамкории тақвият бахшидан тақозои замон аст. Имрӯз дар Ватани азизамон Тоҷикистон ҳамаи шароитҳо фароҳам оварда шудааст ва танҳо меҳнати содиқонаро талаб менамояд. Ватанро танҳо шахсоне дӯст ва ҳифз менамоянд, ки бо меҳнати ҳалол луқмаеро пайдо намуда, барои худ ва ояндагон мероси арзанда мегузорад.
