
Дар ҷомеаи иттилоотии муосир бештар интернет, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ, ки яке аз сохтори иҷтимоӣ ба ҳисоб рафта, он аз гурӯҳҳо, умуман фарде ё созмоне ташкил шуда, тавассути як ё чанд навъи хос аз вобастагии монанди идеяҳо ва табодулоти молӣ, дӯстон, хешовандон, линкҳои вебҳо ба ҳам васл ҳастанд, таъсири мусбат ва манфӣ низ дорад. Дар атрофи масоили сохтори иҷтимоӣ андеша намуда, бояд зикр намуд, ки имрўз ки насли ҷавон ба интернет вобастагии зиёд дорад, ки он ҷанбаҳои хеле манфӣ низ дорад. Ҷавонон ҳар чӣ бештар вақти худро дар назди телефон ва компютер сипарӣ мекунанд ва ба ҷаҳони маҷозӣ нисбат ба воқеият афзалият медиҳанд. Бозиҳои гуногуни таблиғкунандаи зўрию зўроварӣ, хушунат ба рўҳияи ҷавонон таъсири ногувор мерасонанд. Даҳҳо ҳазор интернет – сайт ва вебпорталҳои амалкунанда имрўз мавриди истифодаи террористону ифротиён қарор доранд. Аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ онҳо тарафдорони навро ҷалб карда, ғояҳои бунёдгароиро таблиғ менамоянд. Имрўз дар таркиби ташкилотҳои байналмилалии террористӣ интернет – хадамоти комили касбӣ фаъолона кор мекунад ва ҳудуду имкониятҳои он хеле вусъат ёфтааст. Бо кўмаки интернет–манбаъҳо имрўз маъракаҳои иттилоотӣ барои дастгирии гурўҳҳои гуногуни террористӣ роҳандозӣ гардида, ҷараёни амалиёти террористӣ ба нақша кашида мешавад ва иттилооти муфассал дар бораи ҳадафҳо ва объектҳои ҳамла ҷамъоварӣ карда мешавад. Чунин сурат гирифтани кор аз он шаҳодат медиҳад, ки имрўз проблемаи терроризм ва ифротгароӣ дар интернет ба як мавзўи асосию мубрам барои ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Имрўз дар ҷаҳон бештар аз ҳама ду намуди асосии истифодаи шабакаи ҷаҳонии интернет ба ҳадафҳои террористӣ ривоҷ ёфтааст:
-терроризми иттилоотию – равонӣ, ки моҳияти он аз истифодаи интернет ба мақсадҳои тарсонидани аҳолӣ ва паҳнкунии иттилооти дурўғин, намоиши қудрати ташкилотҳои террористӣ ва таблиғи идеологияи террористӣ иборат аст. Ба воситаи интернет ташкилотҳои байналмилалии террористӣ таблиғи ақидаҳои бунёдгароии таҳрифшудаи ҷиҳод ва мубориза бо кофаронро таблиғ мекунанд, идеяҳои ифротгароӣ ва терроризмро таҳти пўшиши динӣ паҳн мекунанд. Дар сурате, ки гурўҳҳои динии дурўғин пайравони худро дар рўҳияи садоқати мутаассибона ва нотаҳаммулӣ ба дигар динҳо тарбия мекунанд, ксенофобия таблиғ карда мешавад. Ба воситаи интернет — манбаъҳо сиёсати террори иттилоотии миқёсан васеъ роҳандозӣ шуда, саҳнаҳои қатлу куштор ва шиканҷаи одамон ба намоиш гузошта мешавад;
— терроризми иттилоотӣ – техникӣ ё кибертерроризм, ки моҳияти он аз тахриби низоми идоракунии соҳаҳои гуногуни ҳаёт ва ворид кардани осеб ба муҳити иттилоотии давлатҳо иборат мебошад.
Хулоса, бояд қайд намуд, ки дар ҷаҳони имрӯза ҳизбу ташкилотҳои экстремистиву террористӣ, бо истифода аз дастоварҳои навтарини технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, васоити ахбори омма ва алалхусус дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо хабарҳои бардурӯғ ба ҷалб намудани аъзои нав ба сафи худ машғуланд. То чӣ андоза паёмадҳои даҳшатбору сангин доштани терроризиму ифротгароиро мо имрӯз дар мисоли вазъи муташанниҷи кишвари Афғонистон ва Сурия ба таври равшан дидаем. Бархе ташкилоти террористию экстремистӣ, аз ҷумла Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) ва ё бо номи“Давлати исломӣ”, “Ал –Қоида” ва дигар равияҳои ифротӣ аз вазъи сиёсии Афғонистон истифода бурда, дар ин кишвар маскан гирифта, ошкору пинҳонӣ фаъолият доранд.Баробари ин, бояд қайд кард, ки барои амалӣ намудани ин ғараз, инчунин дар бархе кишварҳои Аврупо ,Осиёи Марказӣ содир шудани таркишҳо ба қайд гирифта шудааст, ки бештари масъулияти анҷоми онро ДИИШ ба уҳдаи худ гирифтааст. Мақсади асосии ин созмони террористӣ, пеш аз ҳама расидан ба ғаразҳои сиёсию иқтисодист Нодида гирифтани масъалаи матраҳгардида ба ояндаи инсоният зарари ҷиддӣ расонида, пеш аз ҳама, теша ба решаи исломӣ ноб мезанад. Инсоният ниёз ба амнияти воқеӣ дорад ва уламои ҷаҳони ислом бояд сари ин масъала андеша кунанд. Мо омўзгорон вобаста ба масъалаи мазкур хулосабарорӣ намуда, қайд менамоем, ки мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароии иттилоотӣ талаботи ҷомеаи имрўза аст ва яке аз масъалаҳои асосӣ маҳсуб меёбад. Ин масъулияти шаҳрвандиву фарзандии мост, ки то ҷон дар бадан дорем, барои решакан кардани бадӣ ва ҳар чӣ бар зарари халқу миллати мост, бикӯшем. Мубориза алайҳи падидаҳои номатлуб-ҷараёну ҳаракатҳои ғайриқонунӣ кори дастҷамъонаи мо аст.
М.АХМЕДОВ ,
устоди ДИС ДДТТ
