РОҲГУМЗАДАГОНИ ИФРОТӢ НОҚИСУЛАҚЛАНД!

Мушоҳидаҳои  солҳои охир собит менамоянд,ки бархе афроди рохгумзада ба гуруҳҳои ифрортӣ тассубу пайравӣ намуда, пинҳонӣ ё тариқи ошкоро таввасути шабакаҳои иҷтимоӣ ё месенҷерҳо_facebook, You Tube, Viber “Ҳамсинифон”(Одноклассники), Instagram ё дигар сомонаҳои ғайрирасмӣ, баромад менамоянд.Мо борҳо нисбат ба яке пайрави ашаддии наҳзат- Муҳаммадиқболи Садриддинро мисол овардааем, ки ӯ тавассути каналиYou Tube, сомонаи “Ислоҳ нет”,дар барномаи “Минбари муҳоҷир”  ва  шогирдаш Абдухалил Восиев муҷрии барномаи “Дурахшон ТV” зимни баромадҳо  бо даъвоҳои беасосу пучу беъманӣ дар атрофи масоили сиёсати кишвар, миллати тоҷикро аз номи миллати тоҷик бадном мекунад. Дар ҷараёни баромадҳо М.Садриддин ва  шогирдону думравонаш нисбат ба забони тоҷикӣ бепарвову бетарафиро ихтиёр намуда, дар гуфторашон калимаҳои ба забони мо бегона, ё худ, вожаҳои лаҳҷаиву шевагиро истифода мебаранд ва баробари ин, ба тоза нигоҳ доштани забон ва ҳусни баён аҳамияти зарурӣ намедиҳанд.  Гуфтору рафтори М.Садриддин ва шогирду пайраваш, бахусус Абдухалил Восиев ва Муҳаммад Тағоев

                                

 аз зуҳуроти нангини бегонапарастӣ, ифротгароӣ, тақлидкорӣ, маърифати пасту ноқисулақланд ва дур будан аз донишҳои амиқи диннию мазҳабӣ  далолат мекунад. Умуман, тӯдаи роҳгумзадагони ифротӣ  масоили мазкурро то ҳол дуруст дарк накардаанд  Шояд баъд аз ин гуфтугўи иттилоотӣ гумроҳшудагони ифротӣ айби худро дарк намуда, минбаъд  бо назардошти ақидаҳои солиму возеҳ  шарҳ додашудаи мо роҳи дурустро пеша кунанд. Хулоса, мо набояд фаромуш кунем, ки дар масъалаи тозагии забони тоҷикӣ,  забонро поку беолоиш нигоҳ доштан ва асолату шевоии онро ҳифз кардан қарзи фарзандии ҳар як шарҳванди кишвар аст! Баробари ин, имрўз љавононро дар руҳияи меҳанпарастӣ, роҳи адолату садоқат, накўкорӣ, шукр намудан аз замони осоишта, интихоби озодонаи касбу кор тарбия намоем.Муҳим он аст, ки ҳар шахсу гурӯҳи муғриз ва ҷоҳталаб бо ваъдаҳои пуч моро фирефта натавонад кард. Бовар дорам, минбаъд низ ягон бадхоҳ наметавонад дар иттиҳоди мардуми тоҷик рахна эҷод намояд. Аз ин рӯ, мо бояд минбаъд низ дар атрофи Ҳукумати кишвар муттаҳид бошем. Зеро ин ягона роҳест, ки моро ба сӯи музаффариятҳои нав, ба сӯи ваҳдату ягонагӣ мебарад.

Р.АНВАРӢ,

ассистенти кафедраи

молия ва қарз

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *