
Мо, бо назардошти мушоҳидаву таҳлилҳои хеш вобаста ба вазъи ҷомеаи муосир андешаронӣ намуда, қайд менамоем, ки имрўз ба ҷомеаи мо, амиқтараш дар Интернет ва хусусан шабакаҳои иҷтимоӣ барои гурӯҳҳои мухталифи ифротгаро (экстремистию террористӣ) ҳамчун «минбар»-и асосии паҳнкунандаи андеша ва назарҳои ифротӣ истифода бурда мешаванд. Дар таблиғи ақидаҳои ифротӣ ташкилотҳои махсуси хориҷӣ дар минтақа манфиат доранд ва ин андешаҳоро миёни ҷавонон таблиғ ва интишор мекунанд. Масалан, ҳаммаслакону пайравони паймони худсохтаи фаъоли наҳзат, алалхусус Муҳммадиқболи Садриддин дар канали YouTube -и “Isloh. tv”, дар барномаи “Минбари муҳоҷир”ва дигаре бо номи Беҳзоди Таѓойзода – аъзои ҳаракати мамнуъ дар кишвар “Гурўҳи24”,

дар барномаи “Садои мардум”зимни баромад андешаҳои ифротгароии худро паҳн намуда, бо ин васила барои ноором сохтани вазъи сиёсӣ, ангехтани зиддият дар миёни қишрҳои ҷомеа, коста намудани обрӯи давлат, эҷоди бесарусомониҳо, ҳамзамон ноҷӯрӣ ворид кардан, миёни ҷавонон таблиғ ва интишор мекунанд.Ягона роҳ барои фаъолияти ин бадхоҳони миллат, умуман, роҳбарияту пайравони наҳзатиҳо ва“Гурўҳи24” дар хориҷи кишвар дунёи маҷозии интернет боқӣ мондааст, ки онҳо аз ин имконият истифода бурда, фақат кору амалашон туҳмату буҳтон, дурӯғу дасиса, фитраткушу харобиовар аст. Хуллас, таблиғи ақидаҳои ифротии бадхоҳон аён аст! Дар чунин мавридҳо нисбат ба чунин ҳолатҳо на танҳо мақомоти давлатӣ, балки ҳар як шаҳрованди мамлакат бояд бепарво ва беэътино набошад. Мо бояд баҳри решакан намудани андешаҳои бебунёду ғояҳои ифротагроёнаи ҳаммаслакону пайравони наҳзат-“Паймони милли..” ва “Гурўҳи24” муборизаи беамон бурда, нагузорем, ки фазои ороми мукаддаси кишварамонро ғуборолуд созанд. Моро зарур аст, ки насли ҷавонро дар рӯҳияи хештаншиносӣ тарбия намуда, онҳоро ҷиҳати аз худ намудани донишҳои муосир талқин намоем. Бояд муттаҳид, якдил ва дастаҷамъ бошем, ба иғвои хоинон дода нашавем, тамоми кӯшишро ба харҷ диҳем, то ин ки ватани худро аз дасисаҳои бадхоҳони миллат эмин нигаҳ дорем. Ба насли наврас ва ҷавон фаҳмонем, ки шиори мо ҳифзу ҳимояи ватан, обод кардани он, хизмати падару модар, тарбияи фарзандон, тарғиби некиву накӯкорӣ мебошад.
Д.ШАРИПОВ,
устоди ДИС ДДТТ
