Рисолати созандагию бунёдкории ҷавонон

Воқеан, аз баракати истиқлолияти давлатӣ имрӯз ҷаҳонбинии ҷавонон куллан таъғир ёфта, сатҳи одобу маърифат ва муносибати онҳо ба зиндагӣ, иштироки онҳо дар корҳои давлату ҷамият ба маротиб беҳтар  шудааст.
Далели ин гуфтаҳоро метавон дар ташаббускориҳои ҷавонони миллатамон дар рушди тадқиқотҳои илмӣ мушоҳида кард.
Бо ибтикори Раёсати Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ ва шӯъбаи илм ва инноватсияи таълимгоҳ санаи 20-уми декабр бахшида ба Соли ҷавонон конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Рисолати созандагию бунёдкории ҷавонон дар рушди босуботи иқтисодиёти миллӣ”баргузор гардид.
Конфронсро муовини директори донишкада оид ба илм ва инноватсия, д.и.и., профессор Ризоқулов Т. Р. ифтитоҳ карда, ба кори он муваффақият орзу намуд. Мавсуф саҳми назарраси муҳаққиқони ҷавони муассисаро дар рушди илм махсусан таъкид карда, баргузории конфронси мазкурро бахшида ба фарҷоми Соли ҷавонон дар мамлакат, иқдоми хуб арзёбӣ кард.
Пасон, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти суғд Зоҳидзода Олимҷон маърӯза карда, нақши ҷавонони донишкадаро дар чорабиниҳои илмиву ҷамъиятии вилоят бузург унвон кард.
Сипас, мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Акбарзода Маъруф бо маърӯза дар мавзӯи “Ҷавонон қувваи бузург ва пешбарандаи ҷомеа”, раиси Шӯрои олимони ҷавони ДИС ДДТТ Гадойбоева Ш. Ҷ. Бо маърӯза дар мавзӯи “Ҷавонон-нерӯи ояндасози миллат! Дастовардҳои ҷавонони ДИС ДДТТ дар соли 2017” ва докторанти соли якуми ихтисоси молия ва қарзи донишкада Файзалӣ Қурбонов бо маърӯза дар мавзӯи “Мақоми ҷавонон дар даврони истиқлолият” баромад ва суханронӣ карда, оид ба паҳлӯҳои мухталифи нақши калидии ҷавонон дар ҳалли муаммоҳои ҷомеа фикру андешаҳои ҷолиб иброз карданд.
Ҳамзамон, пас аз шунидани маърӯзаҳо ба 16 нафар донишҷӯён, олимон ва ихтироъкорони ҷавони донишкада, ғолибони олимпиадаҳои сатҳи мухталиф ифтихорномаву тӯҳфаҳои раёсати таълимгоҳ тақдим карда шуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *