Мулоқот бо кормандони Раёсати ВКД дар вилояти Суғд

Бахшида ба таҷлили соли нави мелодӣ ва анҷоми Соли ҷавонон дар донишкада бо иштироки директор н.и.и., дотсент Олимӣ Р.Л., ҳайати васеи устодону донишҷӯён ва кормандони хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Раёсати ВКД дар вилояти Суғд мулоқот баргузор гардид.
Вохӯриро директори донишкада ифтитоҳ карда, аз даст ба амалҳои номатлуб ва ҷинояткорӣ задани ҷавонон иброзӣ нигаронӣ кард. Сипас, сардори хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Раёсати ВКД дар вилояти Суғд Саидзода Баҳром Раҷабалӣ суханронӣ карда, пайомадҳои манфӣ ва нохуш доштани ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткории ҷавононро, махсусан барои миллат таъкид дошт. Мавсуф, аз шукргузорӣ ба тинҷиву оромӣ ва суботу ободонии кишвар ва ташаббусҳои бунёдкоронаи Пешвои миллат ишора карда, донишҷӯёни донишкадаро ба ҳамкорӣ бо милитсия даъват намуд. Ӯ иброз дошт, ки Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон тасмим гирифтааст то аз ҳисоби ҷавонону донишҷӯёни фаъол дастаи бо ном “Авангард”, ки мақсадаш ҳамкорӣ бо пулис ҷиҳати ошкорсозии ҷиноятҳост, таъсис диҳад. Дар робита ба ин масъала Саидзода Б.Р. хоҳиши ташкил ва роҳандозии чунин як гурӯҳеро аз зумраи донишҷӯёни ДИС ДДТТ ба миён гузошт. Ҳамагон чунин таклифро хуш пазируфта, аз он истиқбол намуданд.
Ҳамзамон дар вохӯрӣ муовини Саидзода Баҳром, Турсунов Нозимҷон Дадоҷонович иштирок карда, ба масоили дар боло зикршуда аз нуқтаи назари ҳуқуқиву сиёсӣ равшанӣ андохт.
Дар фарҷоми мулоқот байни донишҷӯён ва намояндагони мақомот саволу ҷавоб доир гардида, дониҷӯён ба суолҳои худ посухҳои мушаххас шунавиданд.

Каёнуш КАЛОНОВ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *