Пайванди муҳоҷират дар Авруосиё

Санаи 28-уми ноябри соли равон дар шаҳри Москва бахшида ба масоили ҳалли муаммоҳои муҳоҷират форуми IX илмӣ-амалии байналмилалӣ ва форуми байналмилалии ҷавонон баргузор гардид.
Дар қисмати сеюми бахши форуми экспертони конфронси мазкур д.и.и., профессори ДИС ДДТТ Абдумавлон Азимов иштирок ва маърӯза карда, дар мавзӯи “Эволюция миграционного поведения население Таджикистана в контексте возможного вступления в ЕАЭС ” баромад намуд.
Мавсуф перомуни ҳалли масоили муҳоҷират дар арсаи Авруосиё андешаҳои муфиди хешро бо далелу арқоми мутанад баён дошта, саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ин масъала назаррас арзёбӣ намуд.
Ҳамзамон дар дар бахши форуми байналмилалии ҷавонон ду нафар: Акрамов Шариф Юлдошевич номзади илмҳои сотсиологӣ аз Донишкадаи тадқиқоти сиёсӣ-ҷамъиятии АИ ФР ва Вазиров Зафар Кабудович аспиранти Донишгоҳи дӯстии халқҳои Россия оид ба ҳалли масоили муҳоҷирати минтақа маърӯзаҳои илмӣ карданд.
Конфронси мазкур як навъ кӯшиши пайванди муҳоҷират дар арсаи Авруосиё унвон касб намуда, иштироки устоди ДИС ДДТТ д.и.и., профессор Азимов А. дар чунин чорабинии илмии сатҳи баланд, боиси ифтихори кулли кормандон ва раёсати муассиса ба шумор меравад.

Каёнуш КАЛОНОВ  

   

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *