РАЗОЛАТ ВА БАЛВОГАРИИ МУҲАММАДИҚБОЛИ САДРИДДИН

 

Таҳлили фаъолияти се соли охир ин оппозитсионери бахтбаргашта, дар дохил ва берун нишон медиҳад, ки ӯ ба таври нохудогоҳ бар зидди лоиҳаҳои сарнавиштсози миллат мебошад, зеро хӯйи ғуломӣ ва бардапарварӣ чунон дар зеҳнаш нақш бастааст, ки мехоҳад ҳама ба мисли онҳо бардаву ғулом бошанд.

Дар мадди аввал, М.Садриддин, ки ҳамаро мисли худаш мепиндорад, фазои иттилоотиро ба таҳлука оварда, мағшуш кардааст.Маҳбусон ба меъёрҳои «қаҳрамонсозӣ»-и Кумитаи зиддимиллӣ рост намеоянд. Бо назардошти гуноҳҳое ки дар сари ин афрод омадааст, дер ё зуд ба сазои амалшон мерасанд. Вале Садриддини М. каҷрав дар пайрави муштарикобии боз нафаронеро мешавад, ки «қаҳрамон»-и ҳикояҳои ӯ бошад. Шояд касе зиндонӣ барои дуздӣ шуда бошад, вале дар назди расонаҳои оппозитсион, ки Садриддини М. лаққии онҳост, он чунон азизи дилҳо нишон дода мешавад, ки хориҷиҳо фикр мекунанд «муборизи роҳи озодианд».

Имруз Муҳаммадиқболи Садриддин ва Кабирӣ шахсоне, мебошанд, ки онҳоро метавон бо як миқдор маблағи ночиз дар Аврупо харидорӣ кард ва чӣ тавре, ки хоҳи истифода бурд. Онҳо аз тарафи сохторҳои махсуси кишвари алоҳидаи бо мо «дӯст»,  харидорӣ ва мисли занҳои сабукпо, дар шабакаҳои иҷтимоӣ истифода бурда шуда истодаанд.

Дар наворҳо М.Садриддин низ мисли роҳбари худ Кабирӣ гоҳ бо хашми зиёди аблаҳона гуфтугӯ карда, худро дилсузи мардум вонамуд менамояд.

Сомонаи «Ислоҳ.нет», ки мақсади асосиаш ҷавонону наврасони гумроҳ ва шахсони ноогоҳро ба пуррагӣ ба худ ҷалб намуда, ҳангоми ба дом афтодани ин тоифа, мисли Кабирӣ аз онҳо фирор карда, дурӣ меҷуяд, Муҳаммадиқболи Садриддин.

Аз ин сабаб ҷавонони гумроҳ бояд бидонанд, ки онҳо мисли нафарони дигар, ки солҳои қабли дар гирди ташкилоти терорристӣ-экстремистии «ҲНИ» ҷамъ буданду айни замон паси панҷара ҳастанд, навбат акнун ба «Ислоҳ.нет» ва М.Садриддин расидааст.

Бояд ҷавонон ва ашхоси ноогоҳ донад, ки имруз собиқ аъзоён ва пайравони ТЭТ «ҲНИ» аз кирдорҳои аблаҳонаю разилонаи содиркардаи худ пушаймон ҳастанд ва нисбати роҳбари ин ташкилот М.Кабирӣ, нафрат доранд.

Ал-қисса, умри ҳарфҳои ботил кӯтоҳ аст. Эҷоди камарбанди дурӯғ бар зидди миллат, ҳеч гоҳ оянда надорад. Наҳзатиҳо дар пешонии аз саҷда бар пойи хоҷагонашон сиёҳ бояд дарк кунанд, роҳе ки онҳо интихоб кардаанд, ба Туркистон аст. Яъне бероҳагӣ тақдири ояндаи ин ҳизби қотилро мушаххас мекунад.

 Анварӣ Ризвон,

 ассистенти кафедраи молия ва қарз

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *