Имрӯз оламиён аз воқеаҳои фоҷеабор дар ҷаҳони ислом изҳори нигаронӣ намуда, пайваста талош доранд инсониятро аз даргириву муноқишаҳои доираҳои манфиатҷӯю Чудоиталаб раҳо намоянд. Дар ин дастгириҳо занону кӯдакони зиёде ба ҳалокат расида, ятиму бепарастор ва бехонаву дар гаштанд. Мутаассифона, ҳамаи ваҳшоният ба номи ислом иснод меорад. Бадномсозии ислом бо дасти мусулмонони ноогоҳу манфиатталаб оғозу анҷом ёфта истодааст ва дасти бегонагон дар мадди аввал меистад.
Дар замони муосир ДИИШ ба унвони як бурҳони амниятӣ, таваҷҷӯҳи давлатҳои Осиёи Миёна ва тамоми одамро ба худ ҷалб намудааст. Нодида гирифтани масоили мазкур ба ояндаи инсоният зарари ҷиддӣ расонида, пеш аз ҳама, теша ба решаи исломӣ ноб мезанад. Инсоният ниёз ба амнияти воқеӣ дорад ва уламои ҷаҳони ислом бояд сари ин масъала андеша кунанд. Рафтору гуфтору кирдори мо набояд инсонҳоро ба раҳгумиву навмедӣ баранд.
Сабаби ба ин фоҷиа гирифтор гаштани ислом, пеш аз ҳама, дар он аст, ки ба арзишҳою муқаддасоти асили исломиамон хурофот, зоҳирпарастиву зоҳирбинӣ ворид шуда истодааст. Ба касе пӯшида нест, ки гурӯҳҳои ҳангомаҷӯ кӯшишҳои авомфиребонаи ба ном исломӣ намуда, барои қонеъ гардонидани ғаразҳои шахсии хеш аз арзишҳои динӣ сӯиистифода менамоянд. Густариши – талошҳои мазкур, мутаассифона, имрӯз тақвият ёфта истодааст.
Вазъи сиёсии мамлакатҳои Шарқи наздик ва умуман ҷаҳони муосир вобаста ба равандҳои исломӣ мавқеъ ва муносибати шаҳрвандони Тоҷикистонро ба маротиб дигар намуд. Дар ин замина таҳдиди гароиши эҳтимолии фарзандони худро ба сафи ҳаракатҳои ифротию террористӣ эҳсос менамоянд.
Таҳлилу мушоҳидаҳо бозгӯи онанд, ки хоҷагони бурунмарзӣ ҷавононро ба гурӯҳҳои худ ҷалб намуда, бо ин васила мехоҳанд сулҳу суботро дар кишвари мо халалдор созанд ва ҷомеаро ба гирдоби кашмакашиҳову нооромиҳо ғарқ намоянд. Роҳбаронива пешвоёни созмонҳои ифротгаро бо ҳар роҳ мехоҳанд ақидаҳои манфиатҷӯёнаашонро ба зеҳни ҷавонон ҷой намоянд.
Ҷавононе, ки донишу ҷаҳонбинии васеъ доранд, ҳаргиз ба доми фиреби чунин таблиғгаронӣ, манфиатҷӯ намеафтанд. Исбот шудааст, ки шахси бохирад нисбат ба камсавод ва ё бесавод эътиқоди комил дошта, анъанаҳои пурарзиши миллӣ ва халқҳои мутамаддини оламро аз ҳурофот ва ақидаҳои ботил фарқ карда метавонанд. Баръакси ин ҳол, нафари нодону бесавод фирефтаи таблиғоти ғаразнок гашта, саҳмгузор бошем.
Рафтори разилонаи гурӯҳҳои ҷиноятпеша, барои бархе аз ҷавонони тоҷик, ки бо гумроҳӣ ба ҳаракату гурӯҳҳои ифротгарову ситезаҷӯ, бахусус дар сафи қувваҳои мусаллаҳи ба ном исломии Ироқу Сурия шомил шудаанд, бояд сабақи зиндагӣ гардад. Ҷавонони раҳгумзадаву тираақл бояд дарк намоянд, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯ аз касодии зеҳни онҳо истифода бурда истодаанд. Ин ҷиҳат моро водор месозад, ки роҳи дурусти ҳалли мушкилоти пешомадаро ёбем.
Манонова Р.А. – н.и.п. кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ