Мо аҳли ҷомеаи меҳнатии ДИСДДТТ ки имрӯз аз шабакаҳои гуногун ҳаргуна садоҳою суханҳои ноҷо дар ҳаққи миллати мо мерасад маҳкум менамоем ва намегузорем, ки ин хиёнаткорони ватан бо рафтори худ бо Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо доғе оранд. Имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо пояҳои устувори худро дорост Ваҳдати милли танинандоз аст ва тамоми шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои созандагиву бунёдкори озодона умр ба сар мебаранд.
Имрӯзҳо тариқи расонаҳои воситаи ахбори умум ҳаргуна наворҳову сухангӯиҳо шунавида мешавад. Яке аз онҳо наворест, ки 18-июни соли 2018 бо номи “Решаҳои ноаён” тариқи шабакаи давлатии телевизионии “Тоҷикистон” намоиш гардид. Мо аҳли ҷомеаи меҳнатии ДИС ДДТТ ингуна наворҳоро тамошо карда, чунин ҳисоб менамоем, ки ҳама гуна ҷангу ҷидол ва нобасомониҳо дар оғози соҳибистиқлолии кишвар ин кори дасти “Хиёнаткорони аз ватан беруншуда ва ҷонибдорони бесаводии онҳо аст. Ин навор намоишест, ки ҳақиқати ҳоли Тоҷикистони соҳибистиқлоли моро инъикос менамояд. Саид Қиёмиддин яке аз саркардаҳои мухолифин ба ҳама гуноҳи хеш эътироф карда, дар ҷангҳои дохилии кишвар даст доштани кишварҳои бегонаро таъкид менамояд. Ӯ аз кирдорҳои худ сахт пушаймон аст ва аз мардуми шарифи Тоҷикистон барои чунин рафтори нобасомон узр мепурсад. Мо бо тамошои ин филм воқеаҳои солҳои навадуи қарни гузаштаро пеши назар оварда, бовар кардем, ки омилҳои ҷангу ҷидол дар кишвар кистанд ва онҳо баъди чандин сол боз ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.