Рафтори нангини гурӯҳҳои эксремистию террористӣ аҳли ҷомеаро ба ташвиш овард

Ҳодисаи субҳи 6-уми ноябри соли равон, ки дар дидбонгоҳи “Ишқобод“-и отряди сарҳадии “Султонобод” рух дод, нишон медиҳад, ки ҳанӯз душманону хоинони миллат тоҷик, ба ҳар восита мехоҳанд, фазои орому осудаи Ватанро халалдор ва қалби миллатро ғамгин созанд. Хабари маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар бораи ҳамлаи мусаллаҳонаи гурӯҳи 20-нафараи шахсони номаълуми ниқобдор ба дидбонгоҳи сарҳадии №4-и «Ишқобод»-и қисми ҳарбии отряди сарҳадии «Султонобод», ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардид, моро хеле ба изтироб овард. Тибқи иттилои манбаъ, ин ҳуҷуми гурӯҳи мусаллаҳ соати 3:23 дақиқаи шаби 6 ноябр рух додааст. Зимни ҳамла онҳо 5 яроқи оташфишон ро тасарруф намуданд. Моҳи ноябр мардуми шарифи тоҷик, ки бояд бо рӯҳияи хос Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иди Парчами миллиро бо дилгармии афзун таҷлил намоянд, шоҳиди ҳуҷуми мусаллаҳонаи силоҳбадастони гурӯҳҳои экстремистӣ ба кишвари мо шуданд. Гурӯҳи вайронкору зиёнрасон дар ҳамин рӯзҳои пурсаодат ҳам барои талх кардани коми мардум ва тира кардани рӯзгори хуррами онҳо омодагӣ диданд. Бори дигар равшан гардид, ки ин амали тундгарои террористӣ ба гурӯҳҳои тахрибкор ва тундрави “Давлати исломӣ” ва ДОИШ мансуб будааст. Дар натиҷаи амалиёти ниҳодҳои қудратӣ 15 нафар аъзои гурӯҳи мусаллаҳи ҷинояткор, ки дар иҳота қарор доштанд, безарар гардонида шуда, 5 нафари онҳо боздошт гардиданд. Мутаассифона, дар ин муноқиша 1 сарбози Қӯшунҳои сарҳадӣ ва 1 корманди Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳалок шуданд. Дар ин ҳодиса ба Мақомоти корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ имкон даст дод, ки дар сарозер кардани амали нангини террористони ҳамлагар нақши муҳим бозанд ва 15 аъзои ташкилоти террористии «Давлати исломӣ»-ро дар қаламрави ҷамоати деҳоти Султонободи ноҳияи Рӯдакӣ безарар гардонанд ва 5 нафари дигарро дастгир намуданд. Бисёр айни муддао мебуд омилу сабабҳои ин ҷинояти мудҳиш батезӣ равшан гардад. Аз мардуми ватандӯсти кишвар даъват ба амал меоварем, ки барои нигоҳ доштани якпорчагии кишвари азиз саъю талош ба амал оваранд. Дар ин ҷо дарки ваҳдату якпорчагии ватан хеле муҳим аст. Мо, ҷавонон, рафтори нангини ин гурӯҳҳои эксремистиро маҳкум менамоем. Мақсади асосии ин палидону разилон ба харобӣ кашидани кишвар аст, ки дар ин роҳ аз ҳар рафтори ғайриинсонӣ истифода мекунанд ва кўшиш ба харҷ медиҳанд, ки кишварро боз ҳам ба хунрезии ноҷавонмардона кашанд.

Дилафрӯз Ҳомидова,

корманди бахши табъу нашри ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *