ТЭТ Ҳизби наҳзати ислом – ҳамчун ифротгарои ҷомеа

Аз он рӯзе, ки шахсони хоинону ватанфурушон оид ба ташкил  намудани  ташкилоти террористиву экстремистии «Нахзати ислом»  дар рузгори мардуми мо Точикистониён пайдо гардид мушкилихои бисёрро дучор кард. Оламро бо зулму ситам, дуруғу фиреб қатлу бедодгарӣ обод карда намешавад.

Мақсади ҳар як инсон, ҳар як давлат ва роҳбарияти сиёсии он ташкилу таъмини ҳаёти хушу хуррам ва осудаву ороми халқу диёраш, сарсабзӣ ва сарбаландии миллаташ дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Вале барои ба ин ҳадафҳои воло расидан ғайриихтиёр монеаҳои зиёде пеш меоянд, ки барои рафъи онҳо кӯшишҳои дастаҷамъонаи зиёде лозиманд.

ТЭТ Хизби Нахзатислом   – сарчашмаи терроризми байналмилалӣ яке аз мушкилотҳо ва муаммохои  асосии чомеаи муосир ба ҳисоб меравад, ки  аз шакли идоракуни ба тамоми мамлакати олам, аз ҷумла кишвари мо беасар нест. Терроризм ва ифротгарои дар нажоди худ зуҳуроти номатлуб аст. Ин зуҳурот боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш-тадид ё истифодаи зўровари, расонидани зарари вазнин, таѓйирот ба сохтори конститутсионии давлатҳо, касби хокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низоми милли, ичтимои ва дини гашта метавонад.

Мавриди зикр аст, ки шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои терористи ва экстремисти яке аз проблемаҳои глобалии ҷаҳони имрўза гаштааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати милли-Пешвои миллат, президенти Ҷумхурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомали Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон ба ин масъала тавҷҷўҳи хоса зохир мекунанд.

Инчунин Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомали Раҳмон ба Прокуратураи генерали супориш дода буданд, ки дар ҳамкори бо дигар мақомотҳои дахлдори давлати «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020»-ро таҳия ва пешниҳод намоянд. Ин пешниҳод аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасдиқ расид.

Доир ба ироиши ин «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» аҳли хираду тамаддунгарои кишварамонро мебояд, ки ҳамдилу ҳаммаром  ва муттаҳид бошему бар зидди ин зуҳуроти номатлуб овоз баланд кунем.

Аммо боиси таасуф аст, ки баъзан ҷавонони мо аз сабаби заиф будани ҷаҳонбиниву мафкураи сиёси, паст будани сатҳи дониш ва ҳмчунин ба сабаби рушд наёфтани худогоҳи ва худшиносии милли дар ботинашон, фирефтаи ҳаргуна суханони хоинони миллат шуда ба доми гурўҳҳои террористи ва экстремисти афтида, домони поки миллатро доѓдор ва ҳаёти рангини худ, фарзандон ва оилаву наздиконашонро хира месозанд.

Мо, омўзгорон, бояд дар сафи пеш истода мубориза бар зидди ТЭТ ҲНИ ва гурўҳҳои ифротгарои, терроризм ва экстремизм қарор бигирем, шогирдонро ба ҳушёриву зиракии сиёси даъват намоем. Ҷавонон бояд донишҳои сиёсиашонро пайваста такмил диҳанд, бояд дарк намоянд, ки Ватани муқаддасамонро ба ҷуз мо каси дигар обод нахоҳад кард. Ояндаи дурахшони Тоҷикистони азизамон ва зиндагии шоистаи мардуми мо аз ҷавонони имрўза, яъне насли навраси кишвар вобаста аст.

Аз ин рў аз тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон, хоса тоҷикони бурунмарзи даъват ба амал меоварем, ки ҳаргиз фирефтаи суханҳои ин гурўҳҳои ифротгарои хиёнаткор яъне хоинони миллат нашаванд. Зиракии сиёсиро аз даст надода пайваста дар фикри ободии сарзамини азизи хеш бошанд, зеро Ватан барои ҳамаи инсонҳои сайёраи рўи замин, ононе, ки соҳибватананд, азизу муқаддас аст. Мо, ҳамагон, якҷоя бояд шукргузори аз ҳастии чунин Ватани маҳбубу мақаддасамон кунем ва ҳаргиз ба душманони мллат, яъне хоинони миллат иҷозат надиҳем, ки Ватани маҳбубу муқаддасамонро бадном кунанд, ё дар андешаи парокандагии он бошанд.

Aссистенти кафедраи менечмент
Хочибоева Муҳайё

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *