«Рӯзи дарҳои кушод» ва ҷамъбасти озмуни навиштани эссеи беҳтарин дар мавзӯи “Интихоби ДИС ДДТТ аз нигоҳи Шумо”

Хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру навоҳии вилояти Суғд, ки дар маҷмуъ беш аз 500 нафар буданд, ба «Рӯзи дарҳои кушод»-и Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ ташриф оварданд.
Хатмкунандагони макотиби миёна бо имконият ва шароити таҳсилу илмомӯзӣ дар донишкада аз наздик шинос шуда, аз толорҳои лексионии замонавӣ, синфхонаҳои лингофонӣ, компютерӣ ва интернет, толори фитнес ва варзиши замонавӣ, шуъбаи муносбатҳои байналмиллалӣ, маркази таълими забонҳои хориҷӣ, китобхонаҳои анъанавӣ ва электронӣ дидан карда, ҳамчунин, дар дарсҳои профессорон ва устодони ботаҷриба ширкат варзиданд.
Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна, ҳамзамон, бо дастовардҳои илмӣ, таълимӣ, варзишӣ ва байналмиллалии донишкада шиносоӣ пайдо намуда, дар дарсҳои гурӯҳҳои таҳсилашон бо забони англисию русӣ иштирок карданд.
Дар толори маҷлисгоҳи Донишкада мулоқот бо хатмкунандагон баргузор гардид. Дар мулоқот директори Донишкада н.и.и., дотсент Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан суханронӣ карда, хонандагонро ба муассиса хайра мақдам гуфт. Тариқи слайд ба онҳо факултетҳо, кафедраҳо, ихтисосҳо ва дастоварду имконияти таҳсил дар донишкада намоиш дода шуд, ки хатмкунандагон имкон пайдо карданд, ба аъзои раёсат суолҳо пешниҳод намуда, посухҳои мушаххас гиранд.
Ҳамин тариқ, «Рӯзи дарҳои кушод» дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар сатҳи баланд гузаронида шуда, имконият фароҳам овард, то хатмкунандагон бо усули таълим ва шароиту имконияти таҳсил дар ин боргоҳи маърифат аз наздик шинос шаванд.
Зимни мулоқот бо хатмкунандагон ғолибони озмуни эссеи беҳтарин дар мавзӯи “Интихоби ДИС ДДТТ аз нигоҳи Шумо” муайян гардиданд. Дар натиҷа ҷойи аввал насиби Лутфуллоева Мухлисахон, хонандаи синфи 11 аз МТМУ №34, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гардид, ки бо ноутбук сарфароз гардонида шуд.
Мақоми дуюмро Ишанова Ниганахон, хонандаи синфи 11, МТМУ №27, аз шаҳри Хуҷанд мушарраф гашта, бо планшет қадрдонӣ гардид.
Ҷойи сеюм насиби Ҷамолова Фарзонахон, хонандаи синфи 11, МТМУ №29, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гашт, ки бо телефони мобилӣ сарфароз гардонида шуд.
Ҳамчунин ҷойи чорум барои ҳусни хатти зебо насиби Бобоева Зарринахон, хонандаи синфи 11, МТМУ №20, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гардид. Дар баробари ин хатмкунандагон Раҳимова Ситора аз гимназияи №1, шаҳри Бӯстон, Солиев Ҷасурбек аз МТМУ №34, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Мамлакатхон Саидхонова аз литсейи №1 ба номи академик М. Осимӣ аз шаҳри Хуҷанд сазовори туҳфаҳои хотиравӣ гардиданд.
Дар вазъияти тантанавӣ директори Донишкада номзади илмҳои иқтисод, дотсент Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан ба ғолибон туҳфаҳои хотиравиро тақдим карда, ба онҳо дар таҳсили минбаъдаашон барору комёбиҳо таманно намуд.

1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
previous arrow
next arrow

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *