АЗ МАҲАЛБОЗӢ ИЛЛАТ БА МИЛЛАТ МЕРАСАД!

Таҳлилҳо собит менамоянд ,ки яке аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноятии Хоруғи боло бо номи Муҳаммадбокир бо ҳар роҳу восита, аз ҷумла, қаблан тавассути шабакаҳои ичтимоӣ бе ягон эҳтироми забони тоҷикӣ баромад намуда, меҳоҳад худашро мусичаи бегуноҳ шуморад, гӯё ягон ҷиноят содир накардааст.
Нисбат ба баромади Муҳаммадбокир хулосабарорӣ намуда қайд менамоем, ки ин афрод дар қисми низомӣ адои хидмат кардасту рутбаи полковникро доштааст ва гӯё як афсари зертобеаш, ки алҳол дар мақомоти иҷроияи ҳоқимияти давлатфаъолият дорад,қаблан ҷиноятҳои вазнин содир кардааст. Дар робита ба ин гуфтанием, ки руйпуш намудани ҷиноят ин худ ҷиноят аст! Умуман Мухаммадикбол нисбат ба фаъолияти мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ бо ақаидаи носолими худ зиддӣ мардуми кишвар маънидод мекунанд, ки амалаш баёнгари бадхохоҳӣ ба Ватан аст! Рафтору кирдораш нисбати омузгор ҷиноят аст ва маҳалгароӣ нисбат ба сокинони Дарвозу Ванҷ, ки оқибат иллат ба миллат мерасад! Доир ба ин масоил ба хонандаи закӣ ҳоҷат ба баён нест!
Мо боварӣ ҳосил намудем, ки Муҳаммадбокир аз бехабари мардум аз асли воқеа истифода мебарад. Ҳар як гап ва ҳар як қадами чунин афрод бар зарари ҷамъият аст. Мо бояд ҳақиқатро аз дурӯғ, ҳалолкорро аз ҳаромкор ва ҷинояткорро аз инсони комил фарқ кунем. Баробари ин хотиррасон бояд кайд кард,ки кормандони макомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар аз солҳои 90-уми асри гузашта куллан фарқ мекунад. Давлат ва ҷомеаи мо имрӯз ҳамаи қонунҳо ва мақомотҳои қудратиро доранд ва онҳо дар доираи қонунҳои амалкунанда бо гуфтаи суханҳои халқӣ бо тези муйро аз хамир ҷудо намуда, роҳбарони гурӯҳҳо ҷинояткорро муайян менамоянд. Дар кишвар ҳама бояд ғуломи қонун бошанд ва махсусан раҳбарони вилояту ноҳияҳо барои беҳбудии аҳолӣ ва оромии он кӯшиш намуда истодаанд.
Хулоса, Муҳаммадбокир ва пайравонаш бояд донанд, ки тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ худнамоӣ намуда, иғвогарӣ нашояд! Набояд дар ҷомеаи ҷаҳонӣ обрӯю нуфузи диёри хешро паст зананд!
Дар фарҷоми андешаи хеш метавон қайд кард, ки имрӯз сокинони бофарҳанги Бадахшон найрангҳои гуруҳи муташаккили ҷиноятпешаро дарк намуда, маҳалгароӣ ва амалҳои номатлуби Муҳамадбокирро махкум намуда, барои сулҳу субот ва якдилии Ватан кӯшиш ба харҷ дода истодаанд. Танҳо дар сурати ҳамдигарфаҳмӣ душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад, кишвари азизамон ба пешрафт ва тараққиёт рӯ меоварад.

А.ВАЛИЕВ,
ассистенти кафедраи
иқтисодиёт ва соҳибкорӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *