Рӯзи шанбе, санаи 27-уми феврал, аз соати 8 то 16 дар ДИС ДДТТ «Рӯзи дарҳои кушод» гузаронида шуд. Хатмкунандагон ва омӯзгорони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей ва гимназияҳо, инчунин макотиби хусусии шаҳру навоҳии Хуҷанд, Чкалов, Б. Ғафуров ва Қайроқум ба донишкада ташриф оварда, аз рафти дарсҳо, шарту шароитҳо, имкониятҳои донишандӯзӣ, маркази таълимии забонҳои хориҷӣ, китобхонаҳои электрониву анъанавӣ, синфхонаҳои компютерӣ, толорҳои варзишӣ ва фитнес клуб, синфхонаҳои лингафонӣ, маркази интернетӣ ва парки технологӣ дидан карданд. Дар ин рӯз хатмкунандагони мактабҳои миёна дар дарсҳои омӯзгорони пуртаҷрибаи донишкада иштирок намуда, аз рафти дарсҳо бо тарзу усулҳои муосир ва истифодаи технологияҳои инноватсионӣ аз наздик дидан карданд.
Дар «Рӯзи дарҳои кушод»-и донишкада зиёда аз 700 нафар хатмкунандагон, ки аксарияташон хоҳиши таҳсил кардан дар донишкадаро иброз доштанд, ташриф оварда, аз шуъбаҳои робитаҳои байналмилалии донишкада, китобхонаи элекронӣ, маркази интернет, маркази таълими забонҳои хориҷӣ, барномаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ барои мутахассисон (FLEPP), китобхонаи анъанавӣ, майдончаи варзишӣ, парки технологӣ, толорҳои лексионӣ, синфхонаҳои компютерӣ, клуби фитнес, шуъбаи мониторинг ва банақшагирии сифати таълим, инчунин маркази забон ва фарҳанги хитой, ки дар донишкада амал мекунад аз наздик дидан карданд.
Баъди боздид ва шиносоӣ пайдо намудан аз фаъолияти донишкада хатмкунандагони макотиби миёна барои мулоқот ва вохӯрӣ бо ҳайати омӯзгорони пуртаҷрибаи донишкада, дар толори маҷлисгоҳ ҷамъ омада, бо директории донишкада д. и. и., профессор Аминов Инъомҷон мулоқот намуданд. Дар ин қисмати чорабинӣ барои ҳар як хатмкунанда варақаҳои тарғиботии донишкада, ки бо нишондоди рамз ва номгӯи ихтисосҳо, инчунин ҳамкориҳои байналмилаливу таасуроти хориҷиён нисбати ДИС ДДТТ таҳия шуда буд тақсим карда шуданд. Мулоқоти хатмкунандагон бо ҳайати профессорону омӯзгорони донишкада дар сатҳи баланд барпо гашт, ки дар он намоиши слайдҳо, наворҳо ва сурудани суруди донишкада бо истифода аз тахтаҳои электрониву проекторҳо ва технологияҳои инноватсионии муосир гузаронида шуд. Директории донишкада д.и.и., профессор Аминов И. А. хатмкунандагонро хайра мақдам гуфта, онҳоро аз ҳадафҳо ва афзалиятҳои таҳсил дар ДИС ДДТТ шиносонид ва таъкид намуд, ки таҳсил дар донишкадаи мазкур роҳ ба сӯи орзуҳову нақшаҳои онҳост.
Зеро «Донишкадаи мо бо зиёда аз 115 Донишгоҳҳои бонуфузи олам ҳамкорӣ дорад, ғайр аз ин дар донишкада барномаҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз қабили TEA, UGRAD, KTH, KIMEP, ERASMUS MUNDUS, DAAD, RTU, SIFE ва ғайраҳо амал мекунад, ки шумо метавонед дар онҳо иштирок намуда, ба мамолики мухталифи дунё сафар куне два дониши худро такмил диҳед» – қайд кард директори донишкада дар зимни мулоқот. Сипас н.и.и, дотсент Комарова Г. Б., н.и.и., дотсент Мирпочоев Д.А. ва донишҷӯёни фаъоли донишкада хатмкунандагонро аз имконияту афзалиятҳои донишкада шинос намуда, бо забонҳои хитоиву англисӣ ва русӣ бо онҳо сӯҳбат оростанд.
Боздиди хатмкунандагони мактабҳои миёна аз ДИС ДДТТ дар «Рӯзи дарҳои кушод» то соати 16 давом ёфт, дар ин муддат хатмкунандагон имконият пайдо карданд, то аз ин даргоҳи илму маърифат аз наздик шинос гашта, нақшаву хулосаҳои худро оид ба интихоби муассисае, ки онҳо мехоҳанд таҳсилашонро пас аз хамти мактаб давом диҳанд, бароварда тавонистанд.
Ҳамин тариқ «Рӯзи дарҳои кушод» дар ДИС ДДТТ дар сатҳи баланд гузаронида шуда, он барои хатмкунандагони мактабҳои миёна як ҷаҳон хотироти рангину гуворо ва манфиатбахшу саривақтӣ вогузошт.