Рӯзи шанбе, санаи 20-уми феврали соли ҷорӣ дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар пайи ҳамгироии «300 рӯзи ободонӣ» эълон гаштани дастури Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, шанбегии умумидонишкадавӣ бо иштироки омӯзгорон ва донишҷӯён гузаронида шуд. Баъди анҷоми дарсҳо барои ниҳолшинонӣ, побелкунӣ ва нармкунии зери дарахтони замини назди донишкада, аҳли донишкада камари ҳиммат баста, корҳои тақсимшударо дар қитъаҳои вобасташуда бо сарбаландӣ иҷро намуданд. Дар шанбегӣ директори донишкада д. и. и. , профессор Аминов И. иштирок намуда, барои кабудизоркунии ҳавлии назди донишкада, сабзу харрамгардонӣ, ва тозаву озода нигоҳ доштани саҳни таълимгоҳ аҳли донишкадаро ба ташаббускорӣ ҳидоят намуд. Махсусан омӯзгорони донишкада дар ин маъракаи меҳнатӣ бо саъю кӯшиши худ зиёда аз 30 бех ниҳолҳои навъи ҳамешасабзро шинонида саҳми арзандаи худро дар ободонии донишкада гузоштанд.