Бахшида ба муносибати таҷлили 23-юмин солгарди таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ бо ташаббуси шуъбаи тарбия ва фарҳанги донишкада бо собиқадорони ҷангу хизмати ҳарбӣ мулоқоти судманд ва чорабиниҳои идона баргузор гашт. Дар вохӯрӣ Қаюмхон Атаев – полковники эҳтиётӣ, Раиси Шӯрои собиқадорони хизмати ҳарбии вилояти Суғд, Шарифҷон Азизов – полковники эҳтиётӣ, аъзои шӯрои собиқадорони хизмати ҳарбӣ, Мӯъминҷон Хонкелдиев – иштирокчии муҳорибаҳои барқароркунии сохтори конститутсионӣ, Абдуллоҷон Шамсиддинов – иштирокчии муҳорибаҳои барқароркунии сохтори конститутсионӣ, Садриддин Ғозибеков – иштирокчии ҷанги Афғонистон, ҷанговар-интернатсионалист ва
Муҳаббат Ӯрунбоева – ҷонишини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд иштирок ва суханронӣ карда, донишҷӯёнро ба садоқату вафодорӣ ба Ватан, эҳтироми арзишҳои моддиву маънавии кишвар ва шукргузорӣ аз сиёсати сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват намуда, андешаҳои басо муфид иброз доштанд.
Мудири бахши тарбия ва фарҳанги донишкада номзади илмҳои филологӣ, дотсент Аҳророва Гулчеҳра Усмоновна барои мулоқот ва сӯҳбати арзишмандашон ба меҳмонон миннатдорӣ иброз карда, ба бахши фарҳангии чорабинӣ ҳусни оғоз бахшид.
Дар бахши фарҳангии чорабинӣ, ки асосан аз саломнома, шеърхонӣ, савгандёдкунӣ, суруди якка, навозиши якка, рақс ва саҳначаи ҳаҷвӣ таҳия шуда буд, донишҷӯёни бахши аввали донишкада, гуруҳи 960101 та таҳти сарпарасти гуруҳ Сайфиддинов ва гуруҳи 960101тб бо сарпарастии Раҳимов иштирок ва баромад намуда, ба чорабинӣ ҳусни идона бахшиданд.
Инчунин, дар фарҷоми чорабинӣ билетҳои ҳизбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба донишҷӯёне, ки аъзои ҳизби мазкур гардиданд бо тантана супурда шуд.
Ҳамин тавр мулоқот ва чорабинии бахшида ба таҷлили 23-юмин солгарди таъсиси Артиши миллии Тоҷикистон дар донишкада дар сатҳи баланд гузаронида шуда, бо хотираҳои нек ба анҷом расид.