ҲАМАВАҚТ АМАЛҲОИ НОМАТЛУБИ ХИЁНАТКОРУ БАДХОҲОНИ МИЛЛАТРО МАҲКУМ МЕНАМОЕМ!

Дар фазои сулҳу суботи кишвар, мутаассифона, гуруҳҳои бадхоҳ арзи вуҷуд доранд, ки мехоҳанд раванди муназзами рушди кишварро халалдор созанд. Дар робита ба ин, мисол меорем, раҳбарияту пайравони ТТЭ ҲНИ, ки имрӯзҳо бо ҳар роҳу восита, алалхусус тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ пайи дигаргунсозии мафкураи миллат ва парокандасозии он, таҳқиру тӯҳмати роҳбарияти олии давлату Ҳукумати кишвар байни шаҳрвандони дохиливу хориҷи ҷумҳурӣ иғво меангезанд. Роҳбари ТТЭ ҲНИ М.Кабирӣ ва ҳаммаслакаш М.Садриддин агар рўзе нисбати Тоҷикистон туҳмату буҳтон наяфкананд ором намегиранд ва корашон танҳо кофтукоби айби касон аст. Намедонанд, ки имрўз андешаи ватандўстию меҳанпарастии мардумони кишвар нисбат аз солҳои 90-уми асри гузашта фарқияти калон дорад. Ба душманони миллат хотиррасон менамоем, ки имрӯз дар Тоҷикистон имконият ва захираҳои бузург баҳри таъмини амну субот арзи вуҷуд доранд ва ҳеҷ гоҳ намегузоранд, ки фазои сулҳу субот ва оромии кишвар халалдор гардад. Ҳоло Тоҷикистони азизи мо дар фазои сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ ба сӯи фардои боз ҳам ободу осуда қадамҳои устувор мегузорад. Нақшаву барномаҳои қабулгардидаи кишвари мо доир ба рушди миллӣ, ки имрӯзу фардои миллату давлатро ба ҳам пайванд медиҳанд, бо заҳмати аҳлонаву созандаи мардуми Тоҷикистон пайгирона амалӣ шуда истодаанд. Қобили зикр аст, ки сокинони мамлакат ба хотири истиқболи арзандаи яке аз ҷашни муқаддасу бузурги миллиамон – 25 солагии Ваҳдати миллӣ содиқонаву софдилона заҳмат кашида, ба натиҷаҳои назаррас мушарраф гардидаанд. Имрузҳо дар фазои осудаи Ватан умр ба сар мебаранд ва дастовардҳои дар тўли беш аз 30 сол ба даст овардаи халқу ватани хешро қадр мекунад. Мо насли даврони Истиқлол, ки рўз то рўз аз файзу самараи он баҳравар ҳастем, рўзгори худро осудаҳолона пеш бурда, имрўзу ҳамавақт амалҳои номатлуби нафарони хиёнаткору бадхоҳони миллатро маҳкум менамоем!
Мо ҷавонони даврони соҳибистиқлол минбаъд низ кӯшиш менамоем, ки кишвари ободгаштаистодаи худро боз ҳам ободтар намоему баҳри пешрафти ҳамаҷонибаи кишварамон ҷидду чаҳд созем. Ин аст, вазифаи аввалиндараҷаи ҷавонони зодаи истиқлоли ватандӯсту ватанпарварӣ равшандили кишвари соҳибистиқлол!
Д. ШАРИПОВ,
сармуаллими кафедраи
тиҷорат ва ҳуқуқ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *