РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ ҲУМОЁН БОД!

ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ ДИС ДДТТ ДОТСЕНТ ҲОШИМЗОДА Ҳ.Ҳ. БАХШИДА БА 23-ФЕВРАЛ-РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ!

Дар ин рӯзҳои хуҷаставу хотирмон бо камоли эҳтиром ва самимияти афзун ҳамаи Шумо – ҳайати профессорону омӯзгорон, донишҷӯён ва кормандони Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро ба муносибати 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, бароятон сарбаландию сарфарозӣ, саодати рӯзгор, хонаи ободу осуда ва дар ҷодаи фаъолияти пурсамаратон барору комёбиҳо таманно менамоям.

Мо ҳама хуб медонем, ки ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар рисолати муқаддаси худ – ҳимояи марзу бум, амнияти давлати соҳибистиқлоламон ва зиндагии орому осоиштаи мардуми Тоҷикистонро бо устувориву фидокорӣ иҷро менамояд.

Имрӯз бо ифтихор гуфта метавонем, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолати касбии худро сарбаландона ба ҷо оварда, дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва пойдории сулҳу субот ҳамчун неруи тавоно ва қудратманд саҳми босазо гузошта истодаанд. Дар ин бора, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: «Афсарону сарбозони шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқ монда, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан – Модар ва халқу давлати хеш бо сарбаландӣ адо мекунанд ва тамоми донишу таҷриба, малакаву маҳорати худро ба хотири ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ сафарбар месозанд».

Дар замони соҳибистиқлолии кишвар Артиши миллии мо ба мактаби тарбияи ватандӯстиву ватандорӣ ва матонату мардонагӣ табдил ёфта, то имрӯз дар сафҳои худ даҳҳо ҳазор ҷавонони обутобёфтаро ба камол расонидааст. Имрӯз ҷавонони бонангу номуси мо хуб дарк мекунанд, ки хизмат ба Ватан барои онҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагист.

Аз ин хотир, ҳар як афсару сарбоз ва ҳар як ҷавоне, ки ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дохил шуда, савганди ҳарбӣ ёд мекунад, ҳамеша дар хотир дошта бошад, ки хизмати ҳарбӣ, аз ӯ, пеш аз ҳама, иродаи матин, донишу маърифати муосир ва эҳсоси садоқату самимият ба халқу Ватанро талаб менамояд.

Дар Паёми хеш  ба Маҷлиси Олӣ Пешвои муаззами миллат махсус таъкид карданд, ки дар шароити ташаннуҷи рӯзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон, торафт вусъат гирифтани мухолифату низоъҳои диниву мазҳабӣ ва доман паҳн кардани терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва фаъолияти гурӯҳҳои ҷиноятии фаромарзӣ ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллат барои мо ба масъалаи аввалиндараҷа ва ҳаётан муҳим табдил ёфтааст.

Бигзор дар сарзамини соҳибистиқлоламон сулҳу оромӣ ҳамеша пойдор бошад ва мо тамоми саъю кӯшиши худро ба он равона созем, ки сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ ба хотири ояндаи неки кишварамон устувору ҷовидон боқӣ монад.

Бо ҳамин нияту орзуҳои нек, бори дигар 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Шумо самимона табрику таҳният гуфта, бароятон хонаи обод, ризқи фаровон, рӯзгори пурнишот, файзу баракати зиндагӣ ва ба кишвари азизамон сулҳу оромӣ ва ободиву пешрафт орзумандам.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *