АЛАЙҲИ БАДХОҲОНИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ МУБОРИЗАИ УСТУВОР МЕБОЯД!

Таҳлилҳо собит месозанд, ки имрӯзҳо рахбарияту пайравони ТТЭ ҲНИ баъд аз фирорӣ шуданашон, чун солҳои  солҳои 90-уми асри гузашта, бар хилоф ва зери ниқоби дини мубини Ислом амал карда, бо ҳар роҳу восита талош доранд, ки вазъи сиёсии ороми кишвари моро халалдор созанд. Масалан ифроткору иғвоангез Муҳиддин Кабирӣ ва Муҳаммадиқболи Садриддин мебошанд, ки имрӯз бо пуштибонии хоҷагони хориҷиашон  дар яке кишаварҳои Аврупо зиндаги доранду номи ҳизбро ба “Паймони миллӣ… “ номгузорӣ карда, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ нисбати давлату миллати кишварамон ба халқу ватани худ хиёнат карданро боз пеша намуда,  ҷавонони моро роҳгумзадан мусоидат менамоянд. Бо ибораи дигар ин хиёнаткорон мехоҳанд, халқи муттаҳиди кишварро аз нав ба сангару маҳалҳо ҷудо кунанд. Воқеан, боздошти солҳои пешинаи аъзоёну думравони ТТЭ ҲНИ собит месозад, ки онҳо дар макотиби мазҳабии хориҷӣ тамриноти динию низомӣ ва диверсионӣ гирифта, усулҳои таблиғу ташвиқ, суханварию гӯлзании мардум ва нозукиҳои муборизаҳои идеологию низомиро аз худ намуда, барои иҷрои аҳдофи барномарезишуда дар Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамҷавор амалӣ намудан кӯшиш доранд. Набояд фаромӯш кард, ки шахсе нисбати Модар ва Ватани хеш амалҳои номаҳрамро раво мебинад фардо дар назди миллату давлат  ҳатман ҷавоб хоҳад дод! Баробари ин қайд кардан зарур аст,ки тибқи иттилои Вазорати дохилии кишвар соли сипаригардида дар кишвар 365 нафар аъзои ташкилоти террористӣ-экстремистӣ муайян ва дастгир карда шуданд. Зимни расонаҳои хабарӣ қайд шудааст, ки сабаби асосии ба сафи ташкилоти террористию экстремистӣ пайвастани бештари ҷавонон ба беназоратии волидайн ва истифодаи шабакаҳои ифротӣ дар интернет рабт дорад.

Аз ин ҳолат бояд ҳама хулосабарорӣ намояд! Хулоса ҷавонони даврони соҳибистиқлол  такя бо сиёсати созандаву маорифпарваронаи Ҳукумати кишвар, ки ҷиҳати алайҳи терроризму ифротгароӣ мавқеи оштинопазир доранд, амал карда, ваҳдату ягонагии сартосариро муҳофизат намуда, бо ин васила сулҳу суборо тақвият бахшидан талаботи замон аст. Ҳамзамон, ҳамеша мо бояд дар хотир дошта бошем, ки рисолати мазкур мавсимӣ набуда, балки доимӣ мебошад. Бо татбиқи ҳарчӣ бештари ғояҳои миллӣ ва созандагӣ пояҳои давлатдории миллии мо ҳамон андоза мустаҳкам гардида, боиси болоравии камолоти маънавии мардум ва ҷомеа мегардад.

Ф. ҚУРБОНОВ,

мудири шуъбаи кор бо ҷавонони ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *