Рӯзи Артиши миллӣ муборак!

«Таҳкими минбаъдаи пояҳои давлатдорӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва бунёди ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ аз хизматчиёни ҳарбии ҳамаи ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ҳисси баланди ватандўстӣ, масъулиятшиносӣ, азму иродаи қавӣ, интизоми устувори ҳарбӣ, донишу маҳорати мукаммали касбӣ ва зиракии доимии сиёсиро тақозо менамояд».

Эмомалӣ Раҳмон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар ин рўзҳои хуҷаставу хотирмон бо камоли эҳтиром ва самимияти афзун ба муносибати таҷлили бошукўҳи 26-солагии таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, бароятон сарбаландию сарфарозӣ, саодати рўзгор, хонаи ободу осуда ва дар ҷодаи фаъолияти пурсамаратон барору комёбиҳо таманно менамоям.

Мо ҳама хуб медонем, ки ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар рисолати муқаддаси худ – ҳимояи амнияти давлати соҳибистиқлоламон ва зиндагии орому осоиштаи мардуми Тоҷикистонро бо устувориву фидокорӣ иҷро карда истодаанд.

Дар замони соҳибистиқлолии кишвар Артиши миллии мо ба мактаби тарбияи ватандўстиву ватандорӣ ва матонату мардонагӣ табдил ёфта, то имрўз дар сафҳои худ даҳҳо ҳазор ҷавонони обутобёфтаро ба камол расонидааст. Имрўз ҷавонони бонангу номуси мо хуб дарк мекунанд, ки хизмат ба Ватан барои онҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагист.

Аз ин хотир, ҳар як афсару сарбоз ва ҳар як ҷавоне, ки ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дохил шуда, савганди ҳарбӣ ёд мекунад, ҳамеша дар хотир дошта бошад, ки хизмати ҳарбӣ, аз ў, пеш аз ҳама, иродаи матин, донишу маърифати муосир ва эҳсоси садоқату самимият ба халқу Ватанро талаб менамояд.

Дар Паёми имсолаи хеш ба Маҷлиси Олӣ Пешвои муаззами миллат махсус таъкид карданд, ки дар шароити ташаннуҷи рўзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон, торафт вусъат гирифтани мухолифату низоъҳои диниву мазҳабӣ ва доман паҳн кардани терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва фаъолияти гурўҳҳои ҷиноятии фаромарзӣ ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллат барои мо ба масъалаи аввалиндараҷа ва ҳаётан муҳим табдил ёфтааст.

Бигзор дар сарзамини соҳибистиқлоламон сулҳу оромӣ ҳамеша пойдор бошад ва мо тамоми саъю кўшиши худро ба он равона созем, ки сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ ба хотири ояндаи неки кишварамон устувору ҷовидон боқӣ монад.

Бо ҳамин нияту орзуҳои нек, бори дигар Рўзи таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Шумо самимона табрику таҳният гуфта, бароятон хонаи обод, ризқи фаровон, рўзгори пурнишот, файзу баракати зиндагӣ ва ба кишвари азизамон сулҳу оромӣ ва ободиву пешрафт орзумандам.

Олимӣ Рауф Латифзода,
директори ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *