Изҳороти Ҳомидова Дилафрӯз, корманди бахши табъу нашри донишкада оид ба ТТЭ ҲНИ, Паймони миллӣ ва хиёнаткорони давлат

Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ, Пешвои миллат, Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои халқу миллат заҳматҳои зиёд кашиданд ва Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда дар давраи истиқлолият ба дастовардҳои назаррас дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъият, яъне соҳаи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ ноил гардид.

Дар тӯли ин 28 соли бурду бохтҳо Тоҷикистону тоҷикистониён бо амри тақдир ҳамаи шебу фарозҳои таърихи ҳазорсолаи худро бори дигар аз пеши назар гузарониданд. Дар он айёми ноорому пурошӯб ҷомеаи мо ба нерӯи пурқудрати сиёсие ниёзу эҳтиёҷ дошт, ки тавонад пеши роҳи ҷанги бемаъниро бигирад, дар кишвар сулҳу салоҳ ва ва оромиро барқарор кунад, миллатро дар атрофи манфиатҳои умумимилливу умумидавлатӣ сарҷамъ намояд.  Аммо имрӯз, дар ҷомеаи мо мутаассифона, нафароне ёфт мешаванд, ки оромиву осудагии давлатро намехоҳанд, ба зидди давлату ҳукумат, сиёсати Пешвои миллат тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ суханони қабеҳу фитнаангез баён менамоянд. Ин хоинони миллат, ба монанди Кабирӣ, Сайидюнуси Истаравшанӣ, Алим Шерзамонов ва Илҳом Ёқубов тавассути сомонаҳо суханони фитнаангез гуфта, барои тарғибу ташвиқи супоришҳои хоҷагони худ машғуланд. Ба иғвою тӯҳматҳо, ғайбату дасисаҳо ва фиребу найрангҳои бадхоҳони дохилию хориҷӣ амсоли ҲНИ ва «Паймони миллӣ» фирефта нашавем.

Илҳом Ёқубов  бошад шахси дурўяву хушомадгўй буда, бо ақидаҳои ғаразнокаш аз сомонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ сухан гуфта, чун дигар шарикони худ дар доираи ҲНИ, мехоҳад, мардумро гумроҳ созад. Муҳиддин Кабирӣ дар хориҷи кишвар бо супориш ва дастури хоҷагони хеш кӯшиш намуда истодааст, ки ҷавонон ва мардум ба хусус муҳоҷирони меҳнатиро гумроҳ намуда, тавассути онҳо амалҳои разилонаи хешро иҷро намояд. Мушоҳидаҳо собит менамояд, ки пас аз фаҳмидани мардум ва дарки амалҳои разилонаи наҳзат Кабирӣ бо супориши хоҷагонаш тарки наҳзат намуда, паймони миллиро таъсис дод. Аммо Кабирӣ ва хоҷагонаш дониста бошанд, ки дигар касе аз мардуми ба ору нанги тоҷик ва ҷавонони саодатманд, шумо гумроҳон ва хоинони миллати тоҷикро пайравӣ ва ҷонибдонӣ нахохад кард. Зеро мақсаду нияти шумо хиёнат ба давлату миллат ва реша задан батешаи миллат аст.

Хушбахтона, имрӯз мо  шукрона аз он мекунем, ки дар фазои сулҳу ваҳдат ва озодии афкору андеша зиндагӣ дорем. Ва ин албатта ифтихори мо мардуми бомаърифати тоҷик аст, ки барои мо имрӯз шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.  Фарзандонамонро аз таъсири ақидаҳои экстремистию террористӣ, наъшамандию ҷинояткорӣ ва бесаводию беҳудагардӣ эмин нигоҳ дошта, дар рӯҳияи ватандӯстию ифтихори миллӣ тарбия намоем.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *