Дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат: масъалаҳои таъмини оби тоза, ҳифзи пиряхҳо ва тағйирёбии иқлим” баргузор гардид.
Конференсияро директори ДИС ДДТТ, н.и.и., дотсент Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан ҳусни ифтитоҳ бахшида, перомуни ташаббусҳои башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эамомалӣ Раҳмон дар масъалаи таъмини оби тоза ва ҳифзи пиряхҳо ибрози андеша намуд.
Директори Филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ, н.и.и., дотсент Садриддинзода Манучеҳр таҳти унвони “Ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истифодаи самараноки захираҳои обӣ” маърӯзаи пурмуҳтаво карда, оид ба сафари Пешвои миллат ба ИМА, иштирок дар конференсияи оби СММ, истифодаи самараноки захираҳои обӣ фикру мулоҳизаҳои ҷолиб баён дошт.
Дар ҳузури иштирокчиёни конференсия Хушмуродова Тиллохон, донишҷӯи курси 1, ихтисоси 1-260202 -Менеҷмент таҳти унвони “Ледники – основной источник прессной воды в Республике Таджикистан” баромад намуда, перомуни иқдомҳои созандаи Пешвои миллат дар ҳифзи пиряхҳо ибрози назар намуд.
Дар ҷамъбасти конференсия директори ДИС ДДТТ, н.и.и., дотсент Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан ба иштирокчиён арзи сипос карда, баргузории чунин чорабиниҳоро барои омӯзгорону донишҷӯён муфид арзёбӣ намуд.
Сипас маърӯзаи дотсенти кафедраи ҷомеашиносӣ, н.и.б., Дониёрова М.М. дар мавзӯи “Татбиқи Барномаҳои давлатӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, маърӯзаи профессори кафедраи молшиносӣ ва фаъолияти гумрукӣ, н.и.х. Қобилов Н. таҳти унвони “Таркиби химиявӣ ва хусусиятҳои шифобахшии оби шифои “Зумрад” ва маърӯзаи муаллими калони кафедраи молия ва қарз Абдуҳамидова Гулбаҳор дар мавзӯи “Об – манбаъ ва чароғи равшандиҳандаи созгори дунёи ҳастӣ” шунида ва мавриди муҳокима қарор гирифт.