ИЗҲОРОТИ устодони кафедраи математикаи олӣ ва технологияҳои инноватсионии ДИС ДДТТ оид ба ташкили тазоҳурот дар назди Бундестаги парлумони Олмон, ш. Берлин аз ҷониби ТТЭ ҲНИ ва “Гурӯҳи 24” аз санаи 25.03.2023 с.

Мо устодони кафедра, борҳо зимни изҳороти хеш, қайд карда будем ва боз ёдовар мешавем, ки  раҳбарияту пайравони ТТЭ ҲНИ ва думраваш –“Гурӯҳи 24” имрӯзҳо дар арсаи сиёсиву байналмилалӣ на танҳо мақому манзали худро аз даст доданд, вале, то ҳол хулосабарорӣ накарда, пайваста ба номи халқу миллат ва давлати Тоҷикистон тӯҳмату бӯҳтонҳои беасос изҳор менамоянд. Чунончи, санаи 25 марти соли равон  мухолифин – роҳбари ТТЭ ҲНИ М.Кабирӣ ва пайравонаш  зимни тазоҳуроти навбатиаш дар назди Бундестаги парлумони Олмон доир ба сафари эҳтимолии Сарвари кишварамон ба кишварҳои аврупоӣ  ва  баробари ин оид ба қазияи Бадахшон бо овезаҳо ва  намоиши акси зиндониён эътироз карданд. Дар ин эътироз тақрибан 30 нафар зодаи Бадахшон низ иштирок доштанд.

Онҳо оид ба ҳодисаҳои Бадахшон, боздошту зиндонӣ шудани фаъолони сиёсиву ҳуқуқӣ ва ҳукмҳои тӯлонии хабарнигорон баромад намуданд. Дар робита ба ин , бояд қайд кард, ки  мо аҳли коллективи кафедра аз ҳодисаҳои нангини моҳи майи соли 2022 дар Бадахшон бохабар ҳастем. Медонем, ки саркардаи онҳо бо супориши намояндаи мақомоти амнияти кишварҳои Аврупо, бо маблағгузории бевосита бесарусомонӣ ташкил намудаанд. Дертар онҳо ба хиёнат ва ватанфурӯшии худ нисбати Тоҷикистон иқрор шуда, дар телевизиони Тоҷикистон расман баромад намудаанд. Яъне гуноҳи онҳо расман тасдиқ шудааст ва хоинони Ватан ҷазои мувофиқ дидаанд.

Мо кулли устодони кафедра пайваста бо кӯшишу ғайрат ва такмили донишу малакаи хеш намегузорем, то ғояҳои ғаразноки ТТЭ ҲНИ ва гурӯҳҳои ифротгаро -“Гуруҳи 24” дар андешаву тафаккури мардуми тоҷик, хусусан ҷавонон ҷо гиранд. Дар ин раванд, тамоми таҷриба ва малакаи худро истифода бурда, алайҳи тарғиботи ғояҳои ифротӣ ва террористӣ мубориза мебарем. Намегузорем ва нахоҳем гузошт, то ТТЭ ҲНИ ва тарафдорони онҳо ба мақсадҳои нопоки хеш, ноил гарданд!

Мо суханрониҳо ва баёнияи иғвоангезонаи ТТЭ ҲНИ ва думравашро сахт маҳкум намуда, ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва оромиву суботи Тоҷикистони азиз мебошем.

Мо бояд ба қадри сулҳу ваҳдати миллӣ расем ва аз воқеаҳои ҷаҳон сабақ андӯхта, ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азизамон сарбаландона заҳмат кашем.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *