Мо кормандони шуъба борҳо зимни изҳоротҳои хеш нисбат ба нотавонбинону бадхоњони миллат, алалхусус яке аз ҳаммаслаки фаъоли паймони худсохти наҳзат Муҳаммадиқболи Садрриддин, ки имрўзҳо аз имконияти шабакањои ичтимої истифода бурда, дар барномаи ифротӣ бо номи “Минбари муҳоҷир”дар якҷоягии пайравонаш бо чашми ғараз баромадҳо намуда, бар аҳли башар аз рушду пешрафти Тоҷикистон шикоят мекунад. М.Садриддин бо ин васила нафақат аз њочагонашон маблағҳои бедардимиён ба даст меоварад, инчунин аз шаҳрвандони кишвар дар ҳар барномааш кӯмаки молиявӣ мепурсад. Ин нотавобини миллат, умуман раҳбарияту ҳаммаслакони “Паймони миллӣ” имруз дар ошёни хоҷагони хориҷиашон лона гузошта, аз он тўтивор бар зидди Ватану миллат ва кишвари аҷдодиву бобоии худ санги маломат мезананд. Аз табори хиёнатпешагон ба ҳисоб меравад, ки агар рўзе бар муқобили Тоҷикистон ва аз кишвар туҳмату буҳтон наяфканад худро ором намегирнд.Масалан, санаҳои 8 ва 12 ноябри соли 2023 дар сомонаи “Ислоҳ. нет” М.Садриддин дар барномаи “Минбари мухоҷир”бо ҷалби думравонаш бо номи Фарруху Абдухалил ва Раҳматулло баромад намуда, бо мисоли бемантиќу беасосашон доир ба Конститутсияи Тоҷикистон, давраҳои ҷанги шаҳрвандӣ ёдовар шуда, андешаи носолимро баён карданд. Баробари ин, дар рафти баромадаш М.Садриддин нисбати яке аз миллату давлати ба мо робитаи дипломатӣ ва ҳамкории судманд дорад,Федератсияи Россия сухани кабеҳ гуфт. Ба андешаи мо ҳар фард бояд нисбат ба миллату давлат бо ҳамкорӣ менамояд, эътибори махсус равона карда, андеша намояд. Вобаста ин ҳоҷат ба баён нест!
Хулоса, ҳарчанд ин тӯдаи нотавонбинони миллат зодаи Тоҷикистон бошанд њам, аммо дар асл муносибати дурушт бо ватан дорад. Ин рафтору кирдори гумроњон бори дигар собит мекунад, ки чунин шахсиятҳои ифротгарои беимон, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки хоинон ватан, миллат ва дину мазҳаб надоранд, ҳамзамон як тањдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст. Ин зуњуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте ба дини мубини Ислом надорад ва бо истифода аз номи Ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ғаразноки сиёсӣ содир карда мешавад.
Дар интињои изњороти хеш баромадҳои ифротии нотавонбинони давлату миллатро шадидан маҳкум намуда, аз мардуми сарбаланди кишвар, алалхусус ба муњољирони мењнат ќарор дошта, даъват ба амал меорем, ки пайваста ҳушёрию зираки сиёсииро аз даст надода, бар зидди ин гуруҳҳои нохалаф -паймони худсохтаи наҳзат, ки мехоҳанд бо ҳилаву фириефта намудан, ҷомеаи моро ноором кардани ҳастанд, муборизаи беамон бояд бурд. Воқеияти имрӯза тақозо менамояд, ки зиддӣ терроризиму ифротгароӣ тамоми давлатҳо дастҷамъона мубориза баранд. Хулоса, дар он аст, ки ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ ва пойдории суботи сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ, мо ҳама муттаҳид бошем.