Дар ҳар давру замон, дар ҷомеа сарварони сиёсӣ вуҷуд доштанд, ки ба ҳаёти чомеа таъсири умда расонида, ҷомеаро аз бӯҳронҳои сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ пешгирӣ менамуданд. Пешво шахсест, ки ҷомеаро муттаҳид намуда, онро ба ҳадафҳои волои матлуб ҳидоят мекунад ва дар ин фаъолият, тамоми ҷомеа ӯро дастгирӣ менамояд
Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатии худ ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ афтод. Тоҷикистон дар вазъияти нестшавӣ ва миллати точик дар ҳолати парокандагӣ қарор дошт. Дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ зиёда аз 150 ҳазор нафар сокинони кишвар ба ҳалокат расида, қариб як миллион нафар бехонумон ва гуреза шуданд, 55 ҳазор кӯдак ятим монда, то 30 ҳазор хонаи истиқоматӣ сӯзонида шуд ва садҳо корхонаву коргоҳҳо комилан нобуд гардиданд. Зарари умумии ҷанги шаҳрвандӣ маблағи беш аз 10 миллиард доллари амрикоиро ташкил дод.
Дар чунин шароити душвори пурҳасос барои миллати тоҷик ва Тоҷикистон, ки қадамҳои аввалинашро дар ҷодаи соҳибистиқлолӣ мегузошт ва бо таҳдиди нестшавии давлат ва миллат рӯ ба рӯ омад, ниёз ба шахсияти наҷотбахш ба миён омад ва ин шахс Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд. Агар азму ирода ва ҷуръати сиёсии Сарвари кишвари мо, Эмомалӣ Раҳмон намебуд, аз даст додани истиқлолияти давлатӣ як амри воқеӣ буд.
Имрӯз истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро зиёда аз 150 кишвари ҷаҳон ба расмият шинохтаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои мухталифи ҷаҳон беш аз 2000 санади ҳуқуқиро ба имзо расонида, мавриди иҷро қарор додааст. Тоҷикистон, дар маҷмӯъ, ба узвияти беш аз 80 созмони минтақавию байналмилалӣ ва ниҳоди молиявии ҷаҳонӣ пазируфта шуда, ҳамроҳ бо дигар кишварҳо дар ҳаллу фасли мушкилоти сиёсиву амниятӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷаҳон нақш мегузорад. Дар баробари ин, Тоҷикистон ба зиёда аз 350 санади байналмилалӣ, ба мисли конвенсияҳо, хартияҳо ва эъломияҳои байналмилалӣ, ҳамроҳ шуда, ӯҳдадориҳои худро дар самти расидан ба ҳадафҳои ҷаҳонӣ, аз қабили рушди иҷтимоӣ, беҳбуди вазъи иқтисодӣ, ҳифзи муҳити зист ва амсоли онҳо, иҷро менамояд.
Ба шарофати истиқлолият, Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист фарҳанги миллӣ ва суннатҳои таърихии тоҷиконро эҳё кунад ва ба ҷаҳониён онҳоро муаррифӣ намояд. Пас аз хотимаи ҷангӣ шаҳрвандӣ ва истиқрори сулҳу субот дар Тоҷикистон, таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомали Раҳмон, шинос кардани ҷаҳониён бо давлати Тоҷикистон, таъриху фарҳанги миллати куҳанбунёди мо сурат гирифт. Дар ин радиф, Сарвари кишвар ба масъалаҳои баргузор намудани чорабиниҳои муҳим бахшида ба санаҳои таърихӣ ва ҷашнҳои шахсиятҳои шинохтаи халқи тоҷик дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки доираи васеи меҳмонони олиқадр ва олимони барҷастаи дунё барои муаррифӣ кардани таъриху фарҳанги халқи тоҷик шурӯъ карданд.
Вобаста ба ин, мехостам, муҳимтарин чорабиниҳои таърихию фарҳангие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он, баргузор гаштанд, хотирнишон намоям. Аз ҷумла, чорабиниҳо бахшида ба 1100-солагии давлати Сомониён (сентябри соли 1999), конфронси илмӣ бахшида ба 2700-солагии китоби «Авесто» (1-2 ноябри соли 2001), ҷашнгирии 2500-солагии шаҳри Истаравшан (10 сентябри соли 2002), ҷашнгирии 1000-солагии шоир ва мутафаккири намоёни тоҷик Носири Хусрав (сентябри соли 2003), конфронси байналмилалии илмии «Ибни Сино ва тамаддуни ҷаҳонӣ» бахшида ба 1025-солагии Абӯалӣ ибни Сино (6 сентябри соли 2005), маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ (8 сентябри соли 2006), Чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба 2700-солагии шаҳри Кӯлоб (сентябри соли 2006), конфронси байналмилалии илмӣ «Мавлоно ва гуфтугӯи тамаддунҳо» ва Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (сентябри соли 2007), симпозиуми байналмилалии илмии «Рӯдакӣ ва фарҳанги ҷаҳонӣ» бахшида ба 1150-солагии асосгузори адабиёти классикии форсу тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (сентябри соли 2008), 100 -солагии академик Бобоҷон Ғафуров (моҳи декабри соли 1998), симпозиуми байналмилалии «Имоми Аъзам ва гуфтугӯи тамаддунҳо» (5 октябри соли 2009), ҷашни байналмилалии Наврӯз (25-26 марти соли 2012), Ҷашнгири 600 – солагии Абдураҳмони Ҷомӣ (моҳи октябри соли 2014), Таҷлили 700-солагии Мир Сайид Али Ҳамадонӣ(моҳи сентябри соли 2015), ҷашнгирии 3000-солагии Ҳисор (27 октябри соли 2015) [3, 232], Симпозиуми байналмилалии илмии “Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз” .
Ҳамаи ин чорабиниҳои баргузор гашта, аз ҷойгоҳу нуфузи Тоҷикистон ва аз саҳми бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмон дар эҳё ва муаррифии таъриху фарҳанги тоҷикон дар арсаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад. Зеро, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияҳои иттилоотӣ, ки ба воридшавӣ дар мафкураи ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳ ғояҳои нодурусти динӣ ва тундгароиро осон гардонидааст, рӯ овардан ба таърих ва фарҳанги миллӣ муҳим ва зарур мебошад.
Дар ин росто, гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ниҳоят муҳим аст: «Миллате, ки забон, тафаккури миллӣ, таъриху адабиёт, расму ойин ва арзишҳои фарҳангиашро қадр намекунад, пояҳои истиқлолияташро низ пуштибонӣ карда наметавонад. Ва то даме, ки худшиносии миллӣ, пос доштани хотираҳои таърихӣ, ифтихор аз мансубияти миллӣ, дар шуури ҳар яки мову шумо падид наояд, то даме, ки ҳар кадоми мо манфиати миллиро ҳамчун қарзи муқаддаси шаҳрвандӣ эҳсос накунем ва эҳтиром нагузорем, то даме, ки хидмат ба Ватан ва миллат бароямон ба арзиши олии зиндагӣ табдил наёбад, мо ҳамчун давлати соҳибистиқлоли миллӣ ба камол намерасем».
Таҷрибаи кишварҳои ҷаҳон собит менамояд, ки бештари давлатҳои олам тавассути фарҳанги миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, худро ба оламиён шинос кардаанд. Дар робита ба ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми ҳамасолаи худ ба Маҷлиси Олӣ, аз 22 декабри соли 2017, барои эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ ва муаррифии фарҳанги миллии тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ соли 2018-ро «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карданд. Ҳамчунин, Сарвари кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ, аз 26 декабри соли 2018, бо мақсади вусъат бахшидан барои рушди инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ҳамаи минтақаҳои кишвар солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон карданд.
Бояд қайд кард, ки аллакай, дар зарфи соли якуми эълон гардидани “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар деҳоти мамлакат як қатор пешравиҳо ба назар расида, рушди сайёҳӣ ва омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ идома ёфта истодааст. То имрӯз, дар кишвар зиёда аз 200 ширкати сайёҳӣ фаъолият дошта ва дар нуҳ моҳи соли 2019 беш аз як миллион нафар сайёҳон аз мавзеъҳои нодири кишвари мо дидан кардаанд, ки нисбат ба соли гузашта 20 фоиз зиёд мебошад.
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкилоти махсуси Созмони Миллали Муттаҳид – оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) ҳамкорӣ мекунад ва дар сиёсати хориҷии худ дар ҳамкорӣ бо ин ташкилот ба чунин муваффақиятҳо ноил гаштааст. Аз ҷумла:
- Бо ташаббуси Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони чанд кишвари дигар 23-юми феврали соли 2010 Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи навбатии 64-уми худ, таҳти унвони «Фарҳанги ҷаҳон» бо аксарияти овозҳо рӯзи 21- мартро «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» эълон кард.
- Соли 2002 пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе ба ҳайси “Шаҳри сулҳ” сазовори ҷоизаи ЮНЕСКО гардид
- Соли 2003 “Шашмақом” ҳамчун мусиқии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба ҳайси шоҳкориҳои шифоҳӣ ва фарҳангии мероси ғайримоддии башарият ба феҳристи ЮНЕСКО ворид карда шуд
- Соли 2010 бо қарори 34-умин ҷаласаи Кумитаи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО шаҳраки қадимаи «Саразм» ба феҳристи муссавараҳои мероси фарҳангии умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд
- Соли 2013 бо қарори 36-умин ҷаласаи Кумитаи Мероси Умумиҷаҳонии ЮНЕСКО “Боғи миллии Тоҷикистон – Кӯҳҳои Помир” ба феҳристи Мероси табии умумиҷаҳонии ЮНЕСКО шомил гардид
- Соли 2013 дар шаҳри Париж дар қароргоҳи ЮНЕСКО муаррифии китоби «Меъмори сулҳ», ки ба саҳми пурарзиши Президенти Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба сулҳу суботи комил дар кишвар бахшида шуда буд, баргузор гашт
- Соли 2013 бо эътирофи пайравии пайваста ба ҳадафҳои ташаккули сулҳи пойдор ва пешбурди рушди устувор, аз ҷумла тавассути ташаббусҳо оид ба пешбурди ҳамкорӣ ва муколамаи байналмилалӣ дар соҳаи об, табодули донишҳои илмӣ ва мусоидат ба пешрафт дар самти татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ва ҳадафҳои рушди дар сатҳи байналмилалӣ ҳамоҳангшуда, Созмони ЮНЕСКО Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо Медали ҷашнии “60-солагии ЮНЕСКО” сарфароз гардонид.
- Соли 2013 дар ш. Париж дар рафти 37-умин иҷлоси Конфронси генералии ЮНЕСКО ҷашнҳои 3000-солагии Ҳисор, 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (дар ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон) ва 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ ба феҳристи ҷашнҳое, ки бо иштироки ЮНЕСКО дар солҳои 2014-2015 таҷлил мешаванд, ворид гардиданд [7, 158]
- Соли 2018 бо қарори Ассамблеяи генералии ЮНЕСКО яке аз намунаҳои беҳтарини ҳунарҳои мардумии мо – чакан ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарӣ шомил гардид. Солҳои оянда мусиқии Фалак, ёдгории таърихии Ҳулбук ва ҷашнҳои Меҳргону Сада низ ба ин созмони бонуфузи байналмилалӣ пешниҳод карда мешаванд[8].
Бояд тазаккур дод, ки бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфронси генералии ЮНЕСКО доир ба баргузории ҷашнҳои 5500-солагии Саразми бостонӣ ва 700 – солагии шоири барҷастаи тоҷик Камоли Хуҷандӣ барои соли 2020 қарор қабул кард. Аз ин лиҳоз, мо бояд ба таърихи гузаштаамон ҳарчи бештар рӯ оварда, дар муаррифи кардани фарҳангу таърихи ниёгони худ саҳми худро гузорем.
Ҳамин тариқ, маҳз ба шарофати сиёсати муваффақонаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти кишвар, Эмомалӣ Раҳмон ва хизматҳои ӯ, марзу буми кишвар аз вартаи нестшавӣ эмин дошта шуда, осори илмиву адабӣ ва фарҳангиву таърихии тоҷикон ҳамчун миллати соҳибмаърифату тамаддунсоз, шаҳрсозу шаҳрдор ва соҳиби девону дафтар аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гашта шуд. Бо ташаббусҳои созандаву некбинонаи ӯ, ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон бо нигоҳи боэътимод ва хайрхоҳона назар мекунад ва Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳ аз кишвари вайронгашта ба маркази баргузории чорабиниҳои ҷаҳониву фарҳангӣ табдил ёфт.
Ҳошимов Фирӯз Ҷабборович,
Омӯзгори кафедраи ҷомеашиносӣ,
Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар ш. Хуҷанд