ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

Истиқлолияти давлатӣ натиҷаи мантиқии талошу муборизаҳои фидокоронаи халқи озодихоҳу тамаддунсоз ва бонангу шарафманди тоҷик таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар роҳи пуршебу фарози таърихи тӯлонии худ мебошад.

Ҳамаи мо аз таърихи пурифтихори халқамон хуб медонем, ки андешаи истиқлолияту соҳибихтиёрӣ, талоши расидан ба давлатдории мустақили миллӣ ва орзуву ормони озодандешӣ дар зеҳни миллати истиқлолхоҳи мо ва фарзандони некному хирадманди он дар тӯли садсолаҳо зинда буд.

Истиқлолият имконият фароҳам овард, ки мардуми Тоҷикистон тақдири худро ба даст гирифта, роҳи пешрафти минбаъда ва сарнавишти ояндаи сарзамини аҷдодии хешро мустақилона интихоб намоянд. Ҳамон сол мустақилияти Тоҷикистонро як қатор давлатҳои ҷаҳон расман эътироф карданд, ки дар ин миён Федератсияи Россия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон аз аввалинҳо буданд. Ҳамин тавр давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон ба арсаи вуҷуд аввалин гомҳои худро гузошт. Мутаассифона, аз ин санаи таърихӣ чанде нагузашта дар кишвар бесарусомониҳо сар заданд. Оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ пайкари Ватанро месӯхт ва масъалаи буду набуди давлати тоҷикон дар тарозуи таърих меистод.

Дар он айёми фоҷиабор аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест шудани давлати ҷавони тоҷикон ва пароканда гардидани миллати тоҷик ба як воқеияти талхи рӯз табдил ёфта буд. Ҳарчанд баъди ҳазор сол таърих барои тоҷик имкон фароҳам овард, ки бо номи худ давлати мустақил дошта бошад, дар он рӯзҳо аз тарафи бадхоҳон боз нақшаҳои тақсими ин давлат ба миён омада буд. Чунин тарҳҳоро на танҳо неруҳои хориҷӣ, балки баъзе аз сиёсатмадорон ва қувваҳои сиёсии дохилӣ низ ҷонибдорӣ намуда, доир ба иҷрои он қадам низ гузошта буданд.

Хушбахтона, ба шарофати иродаи қавӣ ва ҷиддии Сарвари тозаинтихоби давлат ин хатар дар муддати барои таърих бисёр кӯтоҳ бартараф гардид, низоми мукаммал ва муосири давлатдорӣ барқарор гашт, аркони давлатдории миллӣ ва ниҳодҳои асосӣ аз нав эҳё, Истиқлолияти давлатӣ ҳифз, ягонагии Тоҷикистон таъмин шуд ва ин яке аз дастовардҳоест, ки номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таърихи давлатдории миллии тоҷикон абадан сабт намуд.

Бо қадамҳои устувор ва андешаҳои дурбинонаи барномаи давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат оташи ҷанги таҳмилии бародаркуш давра ба давра хомӯш карда шуд, сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмиву ваҳдати миллӣ барқарор, рамзҳои давлати соҳибистиқлол қабул гардиданд ва барои рушди ояндаи давлат, ташаккули ҳисси миллӣ ва худшиносиву худогоҳии мардум заминаҳои мусоид муҳайё гаштанд.

Дар солҳои баъдӣ Тоҷикистони соҳибистиқлол бо қабули Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисодиву иҷтимоӣ барои солҳои 2016 – 2020 ҷиҳати аз мамлакати аграриву саноатӣ ба кишвари саноативу аграрӣ табдил додани Тоҷикистон, яъне баланд бардоштани нақши саноат дар таъмини тараққиёти мамлакат заминаҳои заруриро фароҳам овард. Дар натиҷаи тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати мамлакат тайи бисту ҳашт соли соҳибистиқлолӣ сатҳи камбизоатӣ аз 81% то 28% коҳиш ёфт, аз рӯи дурнамои барномаи ҳукуматӣ то соли 2030 сатҳи камбизоатии аҳолии кишвар ба 15%  расонда мешавад. Ҳоло ба шарофати хизматҳои содиқона, дастуру ҳидоятҳои ватандӯстонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  се ҳадафи стратегии миллии мо – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ ба марҳалаи ниҳоии худ наздик расидааст.

Албатта, дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол зери роҳбарии Президенти мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хело зиёданд ва яке аз комёбиҳои муҳим устуворсозии давлатдории тоҷикон ва ба арсаи ҷаҳон баровардани обрӯю нуфузи давлати Тоҷикистон ва миллати тоҷик буд. Маҳз ҳамин дастовард аҳамияти бисёр муҳим дорад, зеро ин масъалаи муҳимтарин ва усулитарин дастоварди таърихии муосири мост, вагарна бе доштани давлати миллии мустақили худ тамоми орзую омоли таърихии миллат ва кулли ҳадафу барномаҳои насли имрӯзу фардои он маънои ҳастии худро аз даст медод.
Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ба истиқболи солгарди навбатии Истиқлолияти давлатии худ қадам мегузорад. Дар ин муддати барои таърих бисёр кӯтоҳ Тоҷикистон роҳи басе мураккаб ва вазъи ҳассосеро сипарӣ намуда, аз оташи чандин буҳронҳои амиқи сиёсию иқтисодӣ гузашта, ҳамчун як кишвари орому босубот ва ободу шукуфон дар сатҳи ҷаҳонӣ шинохта шуд. Мо ифтихор аз он дорем, ки бо Пешвои миллати худ, Президенти маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бисту ҳашт соли истиқлолият пойдевори давлатдории миллиамонро гузошта, ба сӯи фардои осудаву обод устуворона қадам мегузорем. Муҳимтарин вазифаи шаҳрвандӣ ва қарзи фарзандии ҳар як сокини мамлакат, бахусус, наврасону ҷавонон аз он иборат аст, ки Тоҷикистони азизамонро сидқан дӯст дошта, онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.

Муттаҳид шудан дар атрофи Пешвои миллат таъмини амнияту пойдории истиқлолият, сулҳу субот ва инкишофи давлату миллат буда, роҳ ба сӯи ҷомеаи мутамаддин аст.

Пешвои миллат барҳақ иброз медоранд: «Мо бояд ба наслҳои ҷавон, ки идомадиҳандаи рисолати бузургу таърихии давлатдориамон мебошанд, пайваста таъкид намоем, ки аз таассубу хурофотпарастӣ ва ифротгароиву тангназариҳои диниву мазҳабӣ дур бошанд». Дар ҳақиқат, масъалаи мазкур на танҳо муҳим, балки бисёр нозуку ҳассос мебошад. Андак ғафлату беэътиборӣ ва дуруст сарфаҳм нарафтан ба он вазъи сиёсиву фарҳангиро ба маънии манфиаш мураккаб мегардонад. Имрӯзҳо абарқудратон, сиёсатмадорон бо мақсадҳои муғризонаи худ ва бадном кардани ислом маҳз аз ҳамин нуқтаи заъф истифода бурдан мехоҳанд. Моро як бор, он замон, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сари қудрати давлатдорӣ набуданд, ба ин гуна дом афтоданд ва бо бародарони ҳамхуну ҳамдин душмани ҷонӣ гардидем. Ин хато набояд дигарбора такрор шавад. Албатта, нахоҳад шуд, чун Пешвои миллатро дар шахсияти Эмомалӣ Раҳмон дорем ва иттиҳоду сарҷамъӣ дар атрофи ӯ моро бо ин мушкилот рӯ ба рӯ нахоҳад кард.

Замира Юсупова

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *