ФИКРУ АҚИДАҲО БАЪД АЗ ТАМОШОИ ФИЛМИ МУСТАНАДИ«ХИЁНАТ»

 

Чанд муддатест, ки аз шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон ва инчунин дар моҳи сентябр ва октябри соли равон дар донишкадаи ДИС ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд низ филми мустанад бо номи  «Хиёнат» дар бораи  фаъолияти ТТЭ ҲНИ, ки расман дар минтақаи Осиёи Марказӣ  аз 26 октябри соли 1991 то моҳи сентябри соли 2015 дар зери роҳбарии М.Кабирӣ фаъолият мебурд, намоиш дода шуд.

Воқеан, шахс пас аз тамошои филми мустанади мазкур, ки дар он бисёр факту далелҳои оид ба фаъолияти ин ҳизби имрӯз ғайриқонуниву экстремистӣ-террористӣ оварда шудааст, бори дигар намуди аслии собиқ ҲНИ-ро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ шинос намуд.

Намоиши чунин филмҳо онро нишон медиҳанд, ки ҳақиқатан давлати ҷавони Тоҷикистони соҳибистиқлол чӣ гуна рӯзҳои сангинро аз сар гузаронидааст. Асосан сабабгори ин рӯзҳои мудҳиш мансабталошии сардорону аъзоёни ТТЭ ҲНИ бо дастгирии хоҷагони хориҷиашон  мебошанд, ки то ҳол мехоҳанд фазои сулҳу суботи Тоҷикистонро халалдор намоянд.

Бо боварии комил метавон қайд кард,ки пас аз намоиши филми мазкур ҳалқи сулҳпарвару меҳандӯстамон бори дигар эҳсос карданд, ки аъзоёни ин ҳизби тундарву террористию экстремистӣ чӣ гуна кишварҳои пуштибон доранд ва чӣ тавр онҳо омодаи давом додани амалҳои нопоки худро доштанду доранд. Боиси таассуф аст, баъзе созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ кору кирдори сардору аъзоёни ин ҳизби ғайриқонуниро воридшавии ин ҳизби қотилро ба рӯйхати ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ ба монанди ДИИШ, Ансоруллоҳ ва амсоли инҳоро нодида гирифтаанд. Ногуфта намонад, ки воқеан барои ташкилоти террористӣ – экстремистӣ эълон кардани ҲНИ  дигар исбот лозим нест.

Сардору аъзоёни ин ҳизби ҷангҷӯву нохалаф бо истифода аз тамоми роҳҳо, ВАО ва ҳатто аз вабои асри XXI – пандемияи коронавирус“COVID-19, ки мардуми тамоми кишварҳои ҷаҳон гирифтор шуда истодаанду то ҳоло номаълум чӣ оқибатҳоро ин беморӣ ба пеш меорад, нақшаи бадхоҳонаи пуштибонҳои хориҷии худро дар кишвари мо амалӣ  кардани мешаванд. Бинобар ин баҳри пешгирии амалҳои нопоки собиқ ҲНИ пеш аз мо дар руҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, худшиносию худогоҳӣ тарбия кардани насли ҷавон кӯшиш ба харҷ диҳем ва  ба хотири ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, тахкими амну суботи сиёсии кишвар ва рушди рузафзуни он зарур аст, ки ҷиҳати бартараф кардани тамоми омилҳои низоангез саъю талош варзем. Хулоса бо боварии комил метавон қайд кард, ки нақшаву амалҳои нопоки собиқ ҲНИ ҳеҷ замоне амалӣ намешад ва нахоҳад шуд!

 Қаюмов А.А.-мудири Маркази тестии ДИС ДДТТ  дар шаҳри Хуҷанд

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *