ПЕШНИҲОДҲОИ СУЛҲОВАРИ  ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИД БА ЭЪТИДОЛ ОВАРДАНИ АВЗОИ АФҒОНИСТОН

Бо як ҷаҳон ихлос ва ифтихори миллӣ қайд менамоям, ки таҷрибаи нодири сиёсӣ ва талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собит менамояд, ки яке аз аввалинҳо шуда ба масъалаҳои сатҳи байналмилӣ оид ба эътидол овардани авзои Афғонистон тасмими шоистаро роҳандозӣ намуданд. Ҳамчун Пешвои тоҷикони ҷаҳон аз оғози сар задани низоъ дар кишвари ҳамсояи Афғонистон хоҳони бо роҳи мулоқот ва музокирот ҳал кардани низоъҳо буданд. Дар ҷаласаҳои байналмилалӣ таклифҳои сулҳовари Пешвои муаззами миллат садо доданд, ки аз манфиат холӣ нестанд.

Воқеан  Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз  сиёсатмадори таҷрибадор, барои ба низом даровардани вазъи кишвари ҳамсоя пешниҳодҳои саривақтӣ карданд. Чунончӣ кушодани роҳрав и гуманитарӣ барои расонидани кӯмакҳои башардӯстонаро ба мардуми зарардида. Воқеан ин иқдом саривақтӣ буда, дар ҳолати буҳронӣ ба ин кишвар манфиатовар аст. Инчунин бо роҳи мусолиҳатомез ва музокира ҳал кардани низоъ дар Панҷшер. Ин таҷрибаро низ Тоҷикистон дар ҳангоми ба ҳам овардани тарафҳои муқобили ҳам истифода карда буд, ки Пешвои миллат ин роҳро барои ҳалли низоъ пешниҳод карданд. Дар баробари ин Пешвои миллат таклиф карданд, ки ҷонибҳои даргир ба Душанбе ҷамъ оянд ва дар мизи музокирот нишинанд, ки ин амал хоҳони бе хунрезӣ ҳал кардани низоъ дар Афғонистон мебошад. Умуман  таклифҳои ғамхоронаи Пешвои миллат ифтихори ҳар як фарди  тоҷикистонӣ аст. Метавон қайд кард, ки барои ҷасорату ташаббуси Пешвои маҳбуби миллат, ки барои манфиати тоҷикони бурунмарзӣ ва барқарор гаштани сулҳу субот барои ҳаммиллатонамон мекунанд, воқеаи нодир аст. Дар ҳақиқат Пешвои миллат дар ҳолати ниҳоят ҳассос ҷасорат карданд, ки бо роҳи музокирот масъала ҳалли худро ёбад ва дар ҳолате, ки дигар давлатҳо нисбати ҳаракати “Толибон” мавқеи худро пинҳон медоштанд.

Сарвари тоҷикони ҷаҳон ошкоро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла  дар сатҳи чорабинии байналмилалӣ- Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) мавқеи Тоҷикистонро зикр карданд. Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ҷаласаи сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай тайи як изҳорот бар масъалаи Афғонистон таваҷҷуҳи хос дода, таъкид намуданд, ки мо бо изтироби зиёд изҳор кардем, ки ин кишвар (Афғонистон ) дар остонаи фалокати башардӯстона қарор дорад. Дар ин бора, пеш аз ҳама, маълумоти СММ шаҳодат медиҳанд. Бояд барои пешгирии вайроншавии ҳуқуқҳои мардуми ин кишвар бо ҳокимияти кунунии ин кишвар гуфтушунидҳо барқарор намуда, кӯмакҳои молиявии худро суроғавӣ дареғ надоранд ва бетарафиро касб карда аз коғазу арзу баён ба амал гузаранд.Чунин нигаронӣ аз ҷониби тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ҷиддӣ гирифта шавад. Зеро изҳори назари Пешвои миллати тоҷикон оид ба Афғонистон ва хатарҳои афзояндаи ҷаҳони муосир ҳамеша дар асоси таҳлилҳои амиқу пешбиниҳои дақиқ сурат мегиранд. Ҳоло бояд ба ин нукта диққат дода шавад, ки бетарафии дигарбораи ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба моҷарои Афғонистон ва манфиатҷӯйии кишварҳои алоҳида дар ин сарзамин метавонад оқибатҳои фоҷиаборе дар пай дошта бошад. Ё ба таъкиди Сарвари кишвари мо: «Бетарафии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба вазъи кунунии Афғонистон метавонад на танҳо ба ҷанги тулонии шаҳрвандӣ дар ин кишвар, балки ба рӯйдодҳои фоҷиабори аз ҷиҳати миқёс баробар бо ҳамлаҳои террористии соли 2001 оварда расонад».

Инчунин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ аз вазъияти вилояти Панҷшер- ягона минтақаи пурра тасарруфнашудаи Афғонистон, изҳори нигаронӣ карда, зикр намуданд, ки ҳаракати «Толибон» ба ваъдаҳои худ дар ташкили ҳукумати фарогир бо иштироки васеи дигар неруҳои сиёсӣ ва қавмҳои маскуни ин кишвар амал накарданд. Дар идома таъкид гардид, ки Тоҷикистон ҳамаи шаклҳои беқонунӣ ва таъқиби мардуми Афғонистонро шадидан маҳкум мекунад.

Дар фарҷоми андешаи хеш қайд менамоем,ки пешниҳодҳои сулҳовари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои эътидол овардани авзои Афғонистон такони ҷиддӣ бахшида, барои таъмини сулҳу субот дар митақа, таҳкими дӯстӣ ва рушди ҳамкориҳо нақши муассир ҳоҳад гузошт.

 

                                                                  Ф.МАМАДҶОНОВ,

устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *