ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОӢ ЗУҲУРОТИ   НОМАТЛУБИ ЗАМОНИ ИМРEЗА

Ҷаҳони имрӯзаро хатарҳое фаро гирифтанд, ки боиси аз байн бурдани сулҳу суботи халқу миллатҳо мегарданд, ба чунин хатарҳо терроризм, ифротгароӣ ва дигар зуҳуроти номатлубу хатарнокро мансуб медонад.Воқеан терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро он боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.

Зӯроварӣ, зулм, фишороварӣ, таҳқир ва паст задани шаъну шарафи инсон, хусусан гурӯҳҳои дигари этникӣ аз ҷониби ҷомеа ва давлат мумкин аст, эътирозро ба вуҷуд оварад, ки он мумкин аст ба ифротгароӣ сабзида расад. Гузашта аз ин, зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, ба дини мубини ислом иртиботе надорад, баръакс, аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ шуда, аз ваҳшонияти асримиёнагии террористӣ, пеш аз ҳама, кишварҳои исломӣ ва мусулмонони сайёра зарар мебинанд. Барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, шаҳрвандони гуногуни дунёро бовар кунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост. Чунончӣ яке аз пайравони ТТЭ ҲНИ Муҳаммадиқболи Садриддини мебошад, ки имрӯз худро мусалмони рақами як тарошида, худашро ҳомиву пуштибони дини мубини Ислом ва озодандешу мубориз мешуморад. Дар асл Муҳаммадиқбол  раҳгумзадаи бешарафе ҳаст, ки ҳатто падараш аз ӯ розӣ набуд. Имрӯздур аз ватан истода, бо мақсади ноором сохтани вазъияти сиёсию ичтимоӣ ва нисбати роҳбарони ҷумҳурӣ, тариқи  барномаи ифротӣ бо номи “Пайванд” фаъолияти тахрибкоронаашро ба роҳ мондааст.

Баробари ин ,ки таҳлилҳои охир нишон медиҳанд, ки баъд аз рафтани нерӯҳои низомии ИМА аз Афғонистон вазъият дар ин кишвар дар давоми моҳҳои охири соли равон боз ҳам мураккабу ҳалокатбор гашта, боиси нигаронии ҷиддии мамолики минтақа ва ҷаҳон гардид. Дар Афғонистон ҳокимиятро ҳаракати «Толибон» , яъне  ҳаракате, ки онро аксарияти кишварҳои узви СММ ҳамчун ташкилоти экстремистию террористӣ эълон намудааст ва фаъолияташро дар ҳудуди худ манъ кардааст, ба даст гирифта, вазъи ин кишварро боз душвору пурҳассос кардаанд. Дар робита ба ин Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи кишвари моро доир ба қазияи Афғонистон изҳори нигаронӣ карда, таъкидан эълон карданд, ки Тоҷикистон ҷонибдори ҳарчи зудтар барқарор гардидани сулҳу оромӣ дар ин кишвари ҳамсояи наздиктарин, дӯст, ҳамзабон ва ҳамфарҳанги худ бо роҳи ташкили ҳукумати фарогир ва бо дарназардошти манфиатҳои ҳамаи қавму миллатҳои сокини он, раъйи тамоми мардуми мамлакат, эҳтирому риояи ҳуқуқи шаҳрвандон дар доираи меъёрҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон пазируфташуда ва нақши калидии Созмони Милали Муттаҳид дар пешбурди ин раванд ҳаст.

Дар интиҳои андешаи хеш иброз медорем, ки ҳодисаҳои рӯйдодаистодаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, бахусус баромадҳои хиёнаткорони моро водор месозад, ки ҳаргиз зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва барои ҳимояи амният, Ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, волоияти қонун ва оромиву осудагии кишвари маҳбубамон ҳамеша омода бошем.

 

МӮМИНОВА Н. Р.,

н.и.и., маллимаи калони

кафедраи молия ва қарз

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *