Об-неъмати бебаҳо

Бо ибтикори кафедраи назарияи иқтисодӣ мизи мудаввар таҳти унвони “Об – неъмати бебаҳо” баргузор гардид.  Декани факултет дотсент Баҳодуров Ҳ.И. дар сухани ифтитоҳии худ қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналхалқӣ аз соли 2003 то ҳозир якчанд барномаҳоро ба монанди: соли 2003- «Соли байналмиллалии оби тоза», соли 2013-«Соли байналмиллалии ҳамкорӣ дар соҳаи об»Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015» ва Даҳсолаи байнамилали амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» эълон намуданд, ки аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирии ҳаматарафа ёфтанд.

 

Баъд суханро мудири кафедра, д.и.и., профессор  Азимов А.Ҷ. идома дода қайд кард, ки дар раванди шунавоии баромадҳои омӯзгорон иштироки донишҷӯён хурсандиовар аст, зеро чунин мизи мудаввар, семинарҳо ва конфронсҳо имконият медиҳанд, ки дониши онҳо пурра гардонад, таҷрибаи баромадкунӣ васеъ гардад,  иҷроиши корҳои илмӣ ва асосноккунии актуалии муаммоҳои интихобшуда аз тарафи баромадчиён аз худ карда шаванд.

“Об-манбаи ҳаёт ва рушди устувори иқтисодӣ” аст. Дар солҳои истиқлолияти давлати роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳалли масъалаҳои марбут ба об дар миқёси минтақавӣ ва байналмиллалӣ диққати калон дода истодаанд. Кишвари мо дар олам чун кишвари дорои захираҳои фаровони об шинохта шуда, захираи оби тозаи дар ҳудуди он тавлидёбанда асосан дар пиряхҳо ва кӯлҳо ҷойгиранд.

Аз рӯи баромади дигари чорабинӣ устод Маҷидов А. н.и.и., дотсент, ки он ба мавзӯи “Об-манбаи ҳаёт ва рушди устувори иқтисодӣ” бахшида шуда буд, чунин изҳори ақида намуданд, ки дар ҷумҳурӣ 947 дарёи беш аз 10 км-а дарозӣ дошта ба ҳисоб гирифта шуданду дарозии умумии онҳо 28500 км. ташкил медиҳанд.

Барои самаранок истифодаи об пеш аз ҳама ба “Истиқлолияти энергетикӣ”, “гузариши иқтисодиёти ҷумҳурӣ аз равияи аграрӣ-индустриалӣ ба индустриалӣ-аграрӣ”, “дар оянда барпо намудани мамлакати тараққикарда”, “шуғли пурраи аҳолӣ бо воситаи бунёди корхонаҳои нави истеҳсолии муосир”, амнияти озуқаворӣ ва ғайраҳо, ки дар натиҷа барои боз ҳам баландтар шудани сатҳи зандагии аҳолӣ сабаб мешаванд, маълумоти пурра бо схема тасвирҳо, слайд-презентатсияҳо нишон дода шуда пешкаши шунавандагон гардид.

Баромади ассистент – Маҳмудов М.М. дар мавзӯи “Муаммоҳои баҳри Арал” вобаста буд, ки маълумоти пурра бо схема тасвирҳо, слайд-презентатсияҳо пешкаш карда шуд.

 

 

Муовини декан оид ба илм

Манонова Р.А.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *