ХОИНОНИ МИЛЛАТ БОЗИЧАИ ДАСТИ ҲОҶАГОНИ ХОРИҶИАНД!

Имрузҳо хоинони миллат бо воситаи нашрия ва аз имконияту афзалиятҳои шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ истифода бурда, бо ҳар гуна бўҳтон ва танқидҳои беасос, аз худ дарак медиҳанд. Бо ин кирдори ба ҳайвони ваҳшӣ хос мехоҳанд фазои орому осудаи кишварамонро аз нав халалдор созанд. Масалан хоинони милат Кабирию Муҳаммадиқбол ва Беҳрўз Тағойзода бо дастгириву маблағгузории хоҷагони хориҷӣ нисбати роҳбарияти олии кишвар беасос санги маломат мезананд. Ҳамаи ин имконияту афзалиятҳо шабакаҳои иҷтимоиро ва минбари барномаи ифротиашонро хоҷагонашон муҳайё сохтаанд, то ин ки онҳо мардуми кишаври худро мағзшӯйи бикунанду зидди сиёсати давлату ҳукумат бишуронанд. Барномаҳои ифротиашон шаҳодати онро мекунад, ки онҳо ба ғайр аз иғво ва фитнаандохтан корӣ дигар надоранд. Онҳо бехабаранд ва ё бохабар?! Ниҳоят ба дом афтода, бозичаи дасти хоҷагони хориҷӣ гаштаанд. Онҳо имрўз супоришҳои хоҷагонашонро бечуну чаро иҷро мекунанд. Дигар роҳе надоранд!

 Баробари ибрози андешаи хеш суоле ба миён меояд, ки дар паси шабакаҳои иҷтимоӣ ё интернетӣ киҳо нишастаанд ва чӣ мақсаду ҳадаф доранд? Аз ҷониби хонандаи закӣ, ба ин суол посух додан ягон мушкилие надорад. Бешубҳа, хоҷагони хоричӣ мебошанд, ки дорои шарту шароит ва васоити техникиро ҳаматарафа таъмин намуда, аз рафти иҷрои супоришҳояшон назорати доимӣ мебаранд. Дар робита ба ин хулосабарорӣ намуда, қайд кардан зарур аст, ки имрўз ифротгароии иттилоотӣ чун падидаи нави технологӣ ба амнияти миллии кишварҳои алоҳида таъсири манфӣ мерасонад ва мубориза бо он тайёрии ҳамаҷонибаи зеҳниву техникиро тақозо мекунад. Бинобар ин, ҷомеаи шаҳрвандиро зарур аст, ки шабакаҳои иҷтимоиро ба сифати рушди ҷаҳонбинии ҷавонон ва баланд бардоштани ҳисси ватандориву миллатдӯстӣ самаранок истифода кунанд. Муҳим аст, ки фарҳанг, анъанаҳои неки миллӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври зарурӣ таблиғ шаванд. Маҳз ба ин васила метавон ҳувияти ҷавонону наврасонро тақвият бахшида, онҳоро аз бегонапарастию доми фиреби манфиатдорон наҷот дод. Баробари ин истифодаи моҳиронаи маърифати баланди сиёсӣ, ҳуқуқиву динӣ моро аз зуҳуроти номатлуб дур месозанд. Мо имрўз аз дирўза бештар ба насли ҷавон ва наврас тарзи ҳаёта солим, бидуни ҳар гуна ҷангу ваҳшониятро тарғибу ташвиқ созем. Ба наврасону ҷавонон фаҳмонем, ки бояд имрўз ҳама муттаҳид, якдил ва дастаҷамъ бошем, тамоми кӯшишро ба харҷ диҳем, то ин ки ватани худро аз фиребу найранги душманони миллат эмин нигаҳ дорем.

Д.ШАРИПОВ,
ассистенти кафедраи тиҷорат ва ҳуқуқ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *