Паёми Пешвои миллат раҳнамои мост

Ҳайати васеи профессорон, омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дастаҷамъона дар толору синфхонаҳои муассиса ҷамъ омада, Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии мамлакат шунавиданд.
Омӯзгорону донишҷӯёни донишкада дар маҷмӯъ 2350 нафар ба 5 синфхонаву толорҳои таълимгоҳ нишаста тариқи телевизион Паёми Пешвои миллатро тамошо карданд.
Дар тамошои дастаҷамъона директори донишкада н.и.и., дотсент Олимӣ Р. Л. бо ҳайати Раёсат ва профессорону донишҷӯёни фаъол дар толори асосии донишкада якҷоя ҷамъ омада, Паёмро шунавиданд.
Паёмшунавонӣ инчунин, дар толорҳои лексионии 1 ва 2-и факултаи молия ва баҳисобгирии бухгалтерӣ, толори китобхона ва ошхонаи донишкада роҳандозӣ карда шуд, ки дар шунидани он тамоми воситаҳои зарурии техникӣ, телевизорҳои баландсифати васлшуда ба шабакаҳои рақамии баландсуръат омода шуда буданд.
Кулли шунавандагон аз масоиле, ки дар Паёми пешвои миллат матраҳ шуданд, муҳокимаронӣ анҷом дода, онро хуш пазируфтанд.
Бешубҳа, Паёми имсолаи Пешвои миллат бисёр масъалаҳои барои ҷомеаи мо муфиду аввалиндараҷаро фаро гирифта, эълон шудани соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” аз нуктаҳои муҳим ва интизоррафтаи он дониста мешавад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *