Паёмадҳои таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон дар муассисаҳои динии хориҷӣ

Норбобоев Л., сармуаллими кафедраи

                                                                                математикаи олї ва технологияњои

                                                                     инноватсионии ДИС ДДТТ

 

 

Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯли солҳои истиқлолияти давлатӣ ба рушди низоми тарбияву ташаккули насли солим ва фароҳам овардани шароит барои зиндагии арзандаи ҳар як шаҳрванд аҳамияти махсус медиҳад.

Давлат ва Ҳукумат ба раванди омода намудани кадрҳои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ дар давоми солҳои истиқлолият бо давлатҳои ҷаҳон созишномаҳо баста барои дастгирии ҷавонони болаёқату соҳибистеъдод шароитҳои муайян муҳайё карда истодааст. Масъалаи ҷиддии ҳаёти имрӯза дар ҳақиқат тайёр ва тарбия намудани кадрҳои ба талаботҳои сатҳи ҷаҳонӣ ҷавобгӯ мебошад.

Пешвои миллат дар паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ чунин таъкид карданд, ки “…ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда,  худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд”.

Назорати масъалаҳои таҳсили ҷавонон дар хориҷи кишвар, хусусан дар муассисаҳои динии хориҷӣ баъзе муаммоҳоро, хусусан калавидани ҷавононро ба гурӯҳҳои тундраву ифротӣ, дар назди ҷомеа мушкилотҳоро эҷод карад истодааст.

Ҳукумати ҷумҳурӣ, прокуратура, мақомотҳои ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ дар якҷоягӣ аз ин гуна роҳи хатарнок сари вақт огоҳӣ ёфта, барои пешгирӣ ва ҳушёр намудани шаҳрвандон, хусусан ҷавонон корҳои назаррасро иҷро намуда, идома дода истодааст. Баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҳар гуна мактабҳои динии мамлакатҳои хориҷӣ, ташкил намудани Донишкадаи Исломӣ дар пойтахт ва фароҳам овардани имкониятҳои васеъ барои бозомӯзӣ дар мактабҳои олии мамлакатҳои пешрафта аз сиёсати башардӯстонаи Хукумати Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳад. Новобаста аз ин, баъзе ҷавононе ёфт мешаванд, ки ба ҳадафҳои носолими гурӯҳҳои ифротӣ ҳамроҳ гашта, ба тамоми инсоният ҳаматарафа таъсири манфии худро мерасонанд.

Вобаста ба ин гуна ҳолатҳо дар назди омӯзгорон, падару модарон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ, хусусан, созмонҳои ҷавонон вазифаҳои ниҳоят бомасъулият ва боз ҳам аҳамияти калонро ба миён гузошта истодааст, ки ин аз қонунҳои “ Масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд”, “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” ва ғайраҳо ба миён меояд.

Аз гуфтаҳои боло бармеояд, ки яке аз сабабҳои асосии гаравидани ҷавонони мо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ дар ҷараёни таҳсил дар хориҷи кишвар ифодаи паст будани маърифат ва маънавиёти онҳо, ки арзишҳои аслиро аз арзишҳои даврӣ фарқ карда натавонистан мебошад. Сиёсати давлатии ҷавонон ба сиёсати мақомотҳои қудратии мамлакат ҳамбастагии зич дорад. Кадрҳои ҷавон бо набзи ҳаёт ва замони муосир ҳамқадам мебошанд, талаботи замонро пайваста эҳсос менамоянд, зиракии сиёсиро нигоҳ медоранд, дастоварҳои илму техникаи муосирро аз худ намуда, ба манфиати кишвари азизамон истифода намуда, Ватанамонро ба арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамоянд.

 

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *