Барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида мардумро бовар кунониданиянд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост ва ин роҳу воситаро истифода бурда, мехоҳанд дини мубини исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд.
Эмомалӣ РАҲМОН
Раванди босуръати ҷаҳонишавӣ муносибатҳои наздики миллатҳо ва давлатҳоро тавсеаи бесобиқа бахшида, дастрасӣ ба комёбиҳои навину арзишманди башарӣ ва баҳрабардорӣ аз дастовардҳои тафаккури созандаи инсониро барои аҳли башар муяссар мегардонад.Инчунин бо баробари вусъати ҷаҳонишавӣ ба давлатҳои олами муосир яке аз хатарҳои ҷиддии таҳдидкунанда аз қабили зуҳуроти экстремизм ва терроризми байналмилалӣ ба шумор меравад, ки он имрўз бештар ба мушоҳида мерасад.
Дар иртибот ба ин мо устодону омўзгорони кафедараи математекаи олӣ ва технологияҳои инноватсионӣ ба кулли ҷавонони ояндасози миллати хеш муроҷиат намуда, мехоҳем диққати онҳоро ба муҳимтарин масъала, ки имрўз ҷомеаро ба ташвиш овардааст ҷалб намоем.Чи хеле, ки маълум аст дар замони мо кўшиши шахсиятҳои ҷудогона, ҳизбу ҳаракатҳо ва анҷуману созмонҳое низ ҳастанд, ки мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто, бо амалҳои тундравона амалӣ созанд. Бояд таъкид намуд, ки яке аз сабабҳои асосии паҳншавии ғояҳои ифротии созмону ҳаракатҳои динӣ-экстремистӣ пеш аз ҳама ташкили мактабу гуруҳҳои ғайрирасмии динӣ аз тарафи рўҳониёни алоҳида мебошад, ки омўзиши ғайриқонунии рукнҳои диниро барои наврасон ва ҷавонон ба роҳ мондаанд. Ғайр аз ин, гаравиш ба сафи ташкилоту созмонҳои байналмилалии экстремистӣ-террористӣ дар шаҳру вилоятҳои Федератсияи Русия ва инчунин дар Аврупо аз ҳисоби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аксарияти онҳо дар ҳудуди давлати хеш ҳамчун ҷинояткор дар ҷустуҷў қарор доранд ва худро сиёсатмадор нишон дода, аз сиёсати давлаташон норизо мебошанд, дар зери таблиѓи ақидаҳои ифротӣ ташкилотҳои махсуси хориҷӣ қарор доранд. Қайд кардан бамаврид аст, ки айни замон гурўҳҳои террористии ба ном «Давлати исломӣ», «Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон», «Содиқлар», «Таблиғ», созмонҳои «Ҷиҳоди исломӣ», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ҳизбуллоҳ», «Ал-қоида», «Боко-Ҳарам», «Толибон» ва монанди инҳо барои анҷом додани ѓаразҳои сиёсии худ фаъолият доранд. Алҳол фаъолияти онҳо дар қаламрави Тоҷикистон манъ карда шудааст. Назари таҳлилгарон, олимон ва сиёсатмадорон дар ин хусус ҳаминро нишон медиҳад, ки аз ин рафтори созмонҳо ва давлатҳои алоҳида террористон ва экстремистон истифода бурда, барои ба ҳадафҳояшон расидан даст ба куштору таркиш мезананд. Мақсади асосии ин гурўҳҳои террористӣ, пеш аз ҳама расидан ба ғаразҳои сиёсию иқтисодист.
Пўшида нест, ки имрўз Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳимояи сазовори марзҳои худ қодир аст. Метавон чунин натиҷагирӣ карда, ки бо масъулияти баланд ва кордонии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои дахлдори кишварамон тайи солҳои 2010 то 2 моҳи соли 2015 аз ҷумла дар вилояти Суѓд ҳамагӣ 311нафар дорои раванди террористию экстремистии таъсири васеи ҷамъиятиро дошта, муайян ва дастгир шуданд.
Мо дарк мекунем ва исбот ҳам шуда истодааст, ки ҲНИТ ва анҷуманҳои навтаъсис таҳти роҳбарӣ ва дастгирии хоҷагони хориҷиашон барои амалӣ намудани нақшаву ниятҳои нопокашон хеҷ гоҳ ба мақсад нахоҳанд расид. Зеро имрўз мардуми бонангу номуси шарифи Тоҷикистон бо гузашти айём ва табодули таҷриба рўз аз рўз аз моҳияти гурўҳҳо, созмону анҷуман ва ҳизбҳои бадтинат огаҳ гардида, дар муқобили чунин инсонҳои тангназарону ватанфурўш, ки сафҳои созмонҳои таҳрибкорро пурра месозанд, муборизаи беамон бурда истодааст ва дар оянда низ хоҳад бурд.
Итминон дорем, ки бо дарки дурусти масъалаҳои матраҳшуда дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгухори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар як фарди ватандўст бояд вазифаи муқаддаси худро ба хотири пойдор нигоҳ доштани сулҳу субот дар кишвар, таъмини амният, таҳкими Ваҳдати миллӣ, ҳифзу нигоҳдории истиқлол, тақвияти иқтидори давлат ва пешрафти ҷомеа содиқона рисолати хешро иҷро намуда, барои ободонии Ватан ва афзудани номи неки он талош варзад
Аҳли кафедраи математика ва
технологияи ДИС ДДТТ