ПАЁМ – ДУРНАМОИ ЯКСОЛАИ РУШДУ ИНКИШОФИ СИЁСИЮ ИҚТИСОДӢ ВА ИҶТИМОИЮ ФАРҲАНГИИ КИШВАР

Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати як ҳуҷҷати муҳиме, ки дурнамои яксолаи рушду инкишофи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишварро муайян месозад, боиси дастгирӣ ва омӯзиши пайвастаи ҷомеаи кишвар гардидааст.

Дар он, пеш аз ҳама, дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳои зиндагӣ, яъне сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маориф, илм ва ғайра дар давоми 30 соли Истиқлолият мавриди таҳлили амиқ қарор гирифта, дурнамои рушди кишвар вобаста ба самтҳои муайянгардида, нишон дода шудааст. Ҳар кадом аз бандҳои ин паём, ки дар навбати аввал ба кулли ҷомеа нигаронида шудааст, дорои муҳтавои амиқи сиёсиву тарбиявӣ буда, ҳамзамон ба соҳаҳои муҳими мамлакат, монанди илм, маорифу тандурустӣ низ равона карда шудааст.

Чунончи, дар соҳаи иқтисодиёт, Пешвои миллат ба амалӣ гардидани стратегияи босуръати саноатикунонии ҷумҳурӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, қайд карданд: «Дар панҷ соли минбаъда рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи на кам аз 7 фоиз ва ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ, бо дарназардошти то 11 миллион нафар афзоиш ёфтани шумораи сокинони кишвар, бояд то 2 баробар зиёд карда шавад. Инчунин, зиёда аз 870 корхонаи саноатӣ таъсис дода, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 95 миллиард сомонӣ расонида, содироти он ду баробар афзоиш дода шавад. Ҳиссаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ба 26 фоиз расонида, дар ин раванд гуногунсамтии истеҳсолоти саноатӣ таъмин карда шавад».

Пешвои миллат бори дигар қайд карданд, ки дар шароити зудтағйирёбанда ва вазъи шиддатноки ҷаҳони муосир мо бояд, қабл аз ҳама, ба иқтидору имкониятҳои дохилии кишвар такя карда, барои рушди устувори иқтисодӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва ҳимояи саломатии шаҳрвандон боз ҳам бештар талош намоем. Дар ин самт, пеш аз ҳама, зарур аст, ки дар соли 2022 истифодаи самараноки имконияту захираҳои мавҷуда, ба кор андохтани иқтидорҳои нав ва фаъол гардонидани иқтидорҳои амалкунанда, ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ тақвият бахшида, дар ин замина иҷрои нишондиҳандаҳои пешбинишуда, хусусан, доир ба афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар сатҳи на камтар аз 7 фоиз ва ҳалли проблемаҳои рӯзмарраи аҳолӣ таъмин карда шавад.

Хулоса, Паёми Сарвари давлат дар раванди инкишофи минбаъдаи иқтисодиву сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангии ҷумҳурӣ ҳамчун ҳуҷҷати муҳиме, ки тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро дар бар гирифтааст, нақши муҳим гузошта, на танҳо дурнамои рушду инкишофи минбаъдаи давлату ҳукумат, балки самтҳои нави кору фаъолияти ҳар як шаҳрванди ҷумҳуриро ба таври равшан муайян намудааст. Агар ҳар як шаҳрванди кишвар барои иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат, ки аз Паёмашон бар меояд, бо дарки масъулияти баланд ва бо истифода аз воситаву имкониятҳои мавҷуда талош намоянд, дар муддати на чандон тӯлонӣ Ватани мо воқеан ҳам ба як кишвари афсонавию биҳиштӣ мубаддал мегардад.

Т.САЛИМОВ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *