ОДАМИ БАД БА МАҚСАД НАМЕРАСАД

Филми «Шикасти фитна» баёнгари он аст, ки пас аз фаъолияти пурсамари мақомоти давлатӣ муайян гардид, ҷинояткорони дар сар мақсадҳои нопокдошта гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дар манотиқи Бадахшон дар ҳайати чеҳраҳои манфури миллат Алим Шерзамонов ва ҳаммаслакони ҷиноятии ӯ Холбаш Холбашев, Улфатхоним Мамадшоева ва чанд нафари дигар бо мақсади халалдор намудани амнияти давлатӣ, зарба задан ба пояҳои сохти конститутсионӣ, монеъ шудан ба фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ба таҳлука андохтани аҳолӣ таъсис дода буданд, ошкору пешгирӣ ва аъзоёни он дастгир гардидаанд. Тавре аз филми «Шикасти фитна», ки тавассути шабакаҳои телевизонии давлатӣ манзури шаҳрвандон гардонида шуд, дар он тамоми нақшаву ҳадафҳои ин гурӯҳи ҷиноятпеша нишон дода шуда, бо далелҳои аниқ собит гардидааст, ки ин гурӯҳи террористӣ ва фаъолияти ҷиноятпешаи онҳо занҷирае дорад. Саркардагони он бо ташкилотҳои террористию экстермистӣ ҳамкорӣ дошта, манфиати шахсии худро аз ҳама гуна манфиат боло гузошта, чандсолаҳост, ки ҳадафи норомию бесуботӣ дар мамлакатро доштаанд, аммо ба мақсад нарасиданд. Дар урфият мегӯянд: «Одами бад ба мақсад намерасад».

Х.УМУРОВ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *