ПАРДА АЗ БОЛОИ АСРОРИ ВОҚЕЪАҲОИ ШАҲРИ ХОРУҒ БАРДОШТА ШУД!

Доир ба муроҷиатномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати (МИҲД)-и шаҳри Хоруғ вобаста ба қазияи лату куб шудани сардори раёсати маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҷониби саркардаи гурӯҳи муташаккили Хоруғи боло Муҳаммадбокир, бетараф нашуда, доир ба масоили мазкур ибрози андеша менамоем. Дар робита ба ин бояд қайд кард, ки қаблан доир ба қазияи Хоруғ тавассути фейсбук филм бо номи “Нерӯи қонун” баромади Ёдгор Файзов, раиси собиқ ВМКБ ,сониян андешаҳои вакилони халқ, суханронии сардори раёсати маорифи вилоят пешкаши мардум карда шуд ва мо низ аз шоҳиди воқеъаи ҳоли аслӣ гардидем. Дар робита ба масоили мазкур санаи 9 феврали соли ҷорӣ муроҷиатномаи МИҲД-и шаҳри Хоруғро тариқи барномаҳои телевизонӣ намоиш дода шуд, ки дар он иловатан вобаста ба ҳодисаҳои рухдода ҳақиқати ҳол муфассалан баён карда шуданд. Қайд карда шуд, ки гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ бо мақсади рӯйпуш намудани ҷиноятҳояшон ҳаёти мардуми осоиштаи Бадахшонро бо ташкил кардани гирдиҳамоӣ ноором сохта, ба ҳар амалҳои хиёнаткорона ва дасисабозӣ даст заданд. Бо ин васила яке аз роҳҳои асосии пул кор кардани гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ ин савдо ва фурӯши маводи мухаддир аст, ки имрӯз яке аз ҳама ҷинояти вазнин мебошад. Бинобар ин набояд дасисаву найрангҳои ҷинояткори муташакккил ҳимоят шавад! Баробари ин қайд кардан зарур аст,ки дар рузҳои моҳи аввали феврали соли равон афроди ҷиноятпеша Муҳаммадбокиров М. тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ бо забони маҳалли худ баромад карда, барои худашро бегуноҳ хисоб намудан кушиш намуд.Зимни суханрониаш рутбаи полковник доштанаш сухан ронда, нисбат ба афсарони зертобеъаш туҳмату ғайбат намуд. Дар робита ба суханҳои ин афрод андеша ронда қайд менамоем,ки бояд ӯ саривақт дар ҳолати содир намудани ҷиноятҳои зертобеаш ва умуман пешгирии он тадбирҳои муассир меандешид! Вале имрӯз бошад Муҳаммадбокир даъвои онро мекунад, ки зертобеаш ҷинояти вазнин содир намудааст. Ҳол он, ки руйпуш намудани амали афроди ҷинояткарда ин ҷиноят аст! Баробари ин аз суханҳои ин ашхос андеша карда, метавон қайд кард, ки ҳар кас бо забони маҳаллиаш ҳарф мезанад, ҳама эътирофаш мекунад, зеро ин амал меросбардори забони модарӣ шаҳодат медиҳад. Дар робита ба ин ба Мухаммадбоқир гуфтанием, ки забони модариро набояд олуда кард! Бо забони дигар давлатҳо. Воқеан баъзе калимаҳо арзи вуҷуд доранд, ки тарҷима нашудаанду он мақоми байналмилалро дорост. Аз ин андешаҳо хонандаи закӣ бо дарназрдошти баромади Мухаммадбокир бо хуби дарк мекунад. Хулоса ҳар як шахс бояд мақоми забони худро боз ҳам баланд бардорад ва ҳамчун волотарин мерос ба наслҳои оянда поку беолоиш тақдим намудан ба манфиати миллати диёри хеш аст.
Ҳадафи андешаи мо ин аст, ки Муҳаммадбокир ва ҳаммаслаконаш донанд, ки тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ худнамоӣ намуда, иғвогарӣ нашояд! Набояд дар ҷомеаи ҷаҳонӣ обрӯю нуфузи диёри хеш ва умуман Тоҷикистониро паст зананд? Яке дар рутбаи генералӣ, Назарзодаро дар назар дорем, дигаре собиқ полковник-Муҳаммадбоқир бошад, боз обруи рутбадоронро паст мезанад. Суол ба миён меояд! Магар муаммои кӯчаки дохилии моро дигарон ҳал мекунад?! Магар бегона омада низои моро ҳал кунад ё дахолати ҳалкунӣ намояд, шарм намекунед?!
Ба ёд оред, эътирозҳо дар майдони “Шаҳидон”, ҳаракату ҳизбҳо, аз ҷумла, Ҳизби наҳзати ислом, Растохез, Лаъли Бадахшон ва ғайраҳо ки ба чӣ гуна кулфатҳо мардуми моро рӯ ба рӯ намуд.
Хуллас имрӯз, дар асоси Муроҷиатномаи МИҲД парда аз болои асрори воқеъаҳои шаҳри Хоруғ бардошта шуд ва мардум дарк намуданд, ки асосан афроди ҷиноятпеша дар ин қазия гунаҳкоранд. Баробари ин бояд хотиррасон кард, ки Тоҷикистон давлате нест, ки солҳои 90-уми садаи гузашта буд. Имрӯз на танҳо худро ҳимоят мекунад, балки барои амну осоиштагии кишвар ҷон ба каф мубориза ҳам бурда метавонад.Бо боварии комил метавон қайд кард, ки аз ҷониби мақомоти дахлдор нисбати гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ва афроди ҷиноятпеша чорҳои қонунӣ андешида хоҳанд шуд.
Дар фарҷоми андешаи хеш , аз тамоми сокинони боору номус ва ватанпарвари Бадахшон ва умуман мардуми меҳандӯсти кишвар даъват ба амал меоварем, ки бар зидди гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ муборизаи беамон барем ва ҷавонони ноогоҳро аз падидаҳои номатлуби ҷомеаи имрӯза пешгирӣ намоем, то онҳо обрӯву эътибори мардуми моро дар арсаи байналмилалӣ паст назананд.
Р. АНВАРӢ,
ассистенти кафедраи молия ва қарз

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *